Имрӯз дар хиёбони ба номи Ҳабибулло Назарови шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гаридид.
Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлати тоҷикон, таъмину таҳкими соҳибихтиёрии кишвар ва барқарорсозиву пойдории ваҳдати миллӣ махсус таъкид намуд.
Раиси шаҳр сулҳу ваҳдатро волотарин арзиши маънавии умумибашарӣ маънидод карда афзуд, ки ҷавҳари онро ақлу хиради халқу миллатҳо ташкил медиҳад.
Ба бахти миллати тоҷик дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии кишвар фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва дар нахустин суханронӣ “Ман ба Шумо сулҳ меорам” гуфта, бо нидои боварибахши худ шуълаи умедро дар қалби сокинони кишвар равшан намуд ва қадами аввалин барои барқарор намудани сулҳу ваҳдат гузошта шуд, – иброз дошт раиси шаҳр зимни суханронӣ.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ, баракати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари мо дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ рушди босубот таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи тадбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмин намудани амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар зина ба зина беҳтар мегардад ва бо саъюу талоши ватандӯстонаи халқамон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо қадамҳои устувор ба пеш меравем.
Мардуми кишвар хуб дарк намуданд, ки амалӣ гардидани ҳамаи нақшаву ниятҳо, пешрафти давлат ва ободии Ватан орзуву омоли ҳар фарди ҷомеа маҳз бо суботи комили сиёсӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба даст хоҳад омад.
Сокинони шаҳри Ҳисор чун дигар мардумони кишвар бо шукргузори аз соҳибистиқлолию сулҳу ваҳдат дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳм мегиранд ва барои амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саъю талош менамоянд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ тибқи 24 банди нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор ва Шарора, деҳоти Ориён, Деҳқонобод, Сомон, Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ Мирзо Ризо, ба номи Мирзо Турсунзода ва Навобод ифтитоҳи якчанд иншооти иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст, таъмиру тармими роҳҳо ва дигар корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён дорад.
Ба соҳибкорон, нафароне, ки даст ба амалҳои хайр зада, дар рушду шукуфоии шаҳрамон саҳм мегиранд арзи сипос намуда, итминон дорам минбаъд низ аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпешаи диёр ба хотири ояндаи дурахшони фарзандон дар ташаббускорӣ ба чунин амалҳои нек саҳму заҳмати хешро дареғ нахоҳанд дошт, – иброз дошт дар ҷамъбасти суханронии хеш раиси шаҳр Қосим Роҳбар.
Раиси шаҳр дар фазои тантанавӣ ба директори муассисаи давлатии коллеҷи омӯзгории шаҳр, доктори илмҳои педагогӣ Давлатзода Ҷамила нишони Аълочии фарҳанг ва ба як қатор фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Сипосномаи Раиси шаҳри Ҳисорро тақдим намуд.
Аҳли ҳунари бахши фарҳанги шаҳр бо роҳбарии Бахтиёри Иброҳим барномаи рангини консертиро пешкаши иштирокчиён карда, ба чорабинӣ ҳусни идона бахшиданд.