16 июн дар назди лавҳаи монументалии “Водии зарнисор” раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Гузаштагони мо аз азал ба табибон арҷгузорӣ мекарданд ва имрӯз низ дар партави иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор Маркази саломатии деҳотӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Оид ба бунёди марказ ҳанӯз 30 ноябри соли 2022 дар Сафорати Япония, дар шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи кӯмакҳои бебозгашти ин кишвар, барои бахши аъзами аҳолии давлатҳои рӯ ба рушд, ки Ҳукумати Япония роҳандозӣ кардааст, бо иштироки Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар созишномаи грантӣ оид ба “Лоиҳаи бунёди бунгоҳи тиббӣ ва беҳтарсозии таҷҳизоти тиббӣ дар деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор” ба имзо расида буд.
28 декабри соли гузашта раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор ташриф оварда, дар маросими гузоштани хишти аввали Маркази саломатӣ ширкат намуд ва инак бо гузашти камтар аз шаш моҳ сохтмони маркази мазкур ба анҷом расида, 16 июни соли 2023 маросими ифтитоҳи он бо иштироки сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро Аики ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар баргузор гардид.
Сафири ҷумҳурии Япония ва раиси шаҳри Ҳисор пас аз тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ, ки сокинони деҳа ташкил карда буданд, аз ҳуҷраҳои қабул, доругузаронӣ, табиби кӯдакона, гиёҳдармонию физотерапевтӣ, дандонпизишкӣ, момодоягии маркази навбунёд дидан карда, ба таҷҳизоти насбшуда ва сифати кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.
Дар саҳни муассиса сафир ва раиси шаҳр бо сокинони рустои Булбулчашма суҳбат ороста, бо бунёди маркази саломатӣ муборакбод гуфтанд ва аз истиқболи самимии сокинони деҳа изҳори сипос карданд. Ҳамчунин, афзуданд, ки иқдоми мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари ба ҳам дӯст – Тоҷикистону Япония роҳандозӣ шуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Императори Япония муҳтарам Нарухито дар таҳкими равобити дӯстонаи ду кишвар арзишманд арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамкориҳои байнидавлатии Ҷопон ва Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ авлавияти бештар дошта, дар доираи ин ҳамкориҳо муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвари мо бо пешрафтатарин таҷҳизоти тиббӣ ва садҳо адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ муҷаҳазу таъмин гардидаанд.
МСД дар Булбулчашма бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор соомонӣ кӯмаки бебозгашти кишвари Япония сохта шуда, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои 7 нафар табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ, бахусус духтарони маҳаллӣ воҳидҳои корӣ бо маоши хуб таъсис дода шуда, шароити кории мувофиқ муҳайё гардидааст. Ҳамчунин, имкон фароҳам омад дар доираи ин иқдоми башардӯстона беш аз 3500 нафар сокинони деҳа ва деҳоти атрофи он бо хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта, мушкилоти сокинони деҳоти мазкур, ки қаблан барои гирифтани одитарин табобат ба маркази ҷамоат ва ё шаҳр мерафтанд, ҳали худро пайдо намояд.
Дар фарҷом, раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва сокинони рустои Булбулчашма ба ҷаноби сафир Тошиҳиро Аики барои рисолати башардӯстона ва мусоидат намуданашон ба бунёди ин маркази саломатии хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос карда, ба мардуми ба мо дӯсти Япония саломатӣ, хушбахтӣ ва дар таҳкими давлатдории кишварашон, ки дар душвортарин марҳилаҳои давлатсозиамон ҳамеша паҳлӯи мо қарор доштанд, рушду шукуфоии бештару беҳтарро таманно намуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ин иқдоми охирин набуда, дар ин самт робитаҳои дӯстонаи мо минбаъд низ таҳким хоҳанд ёфт.