Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ШОМИ ФАРҲАНГИИ ФАРҲАНГИЁНИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ПОЙТАХТ

Шоми 1 июли соли равон дар Амфитеатри боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор, аз ҷумла овозхонону мутрибони театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, ҳунармандони ансамбли фолклории “Бобоҷоно” ва ансамбли рақсии “Сарвиноз” чорабинии ҷолибу пуршукӯҳ доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим суханронӣ намуда, иштирокдорон, меҳмонону сокинони пойтахтро хайрамақдам гуфтанд ва аз ҳамкориҳои судманду доимии байниҳамдигарӣ бо хушнудӣ истиқбол намуданд.
Зикр гардид, ки Душанбе ҳамчунмакони мардони фозилу бохирад, занони баору боотифа ва наврасону ҷавонони ватандӯсту бахтиёр миллати моро маркази умеду ормон гаштааст ва бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавони кордону ташаббускор ва қалбаш саршори меҳру муҳаббати Ватан, шаҳрдори шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз симои худро куллан дигаргун намуда, зебову назаррабо, дилфиребу дилоро ва ба як шаҳри сарсабзу хуррам мубадал шудааст.
Ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти кишвари азизамон аз ҷониби шаҳрдори шаҳри Душанбе шоистаи таҳсин буда, ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тоза зам кардааст ва пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе, ки яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мебошад, шӯҳраи ҷаҳон гардидааст.
Хушбахтона, шаҳри Ҳисор, бо таърихи беш аз 3000-сола дар шафати пойтахти кишвари маҳбубамон-Душанбе қарор дошта, ҳамнабзи пойтахт ба шумор меравад. Ҳисор таърихи қадимаи ин минтақа, балки водиро таҷассум мекунад ва ин мартаба барои сокинони шаҳри Ҳисор боиси ифтихору сарфарозӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҳазорон нафар ҷавонони Ҳисор дар мактабҳои олӣ ва касбии пойтахтамон таҳсили илму ихтисос карда, ҳазорони дигар кору зиндагӣ мекунанд. Машҳуртарин олимону мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз шаҳри Ҳисор дар пойтахт фаъолият карда, дар рушди кишвари азизамон саҳми муносиб мегузоранд ва итминони комил дорам, ки ин пайвандӣ то абад ҷовидон хоҳад монд.
Дарҳои Ҳисори бостон, ҳамеша ба рӯи сокинону меҳмонони дохилу хориҷи кишвар, сайёҳону ҷаҳонгардон боз буда, ҳамасола меҳмонони зиёд, аз ҷумла меҳмононе, ки дар доираи сафарҳои расмии давлатӣ ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе меоянд, аз маконҳои таърихию фарҳангии Ҳисор боздид менамоянд ва аз меҳмоннавозии ҳисориён шоду мамнун мегарданд.
Нотиқон ба иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо ба кулли мардуми тоҷик рӯзгори саршор аз фараҳу шодмонӣ, бахту иқболи нек, сулҳу ваҳдати пойдор ва нусрату комиёбиҳои беназир таманно карда, барои Ватани азизамон осмони софу беғубор ва сулҳу суботи ҷовидон орзу намуданд.
Ҳамчунин, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан чун рамзи эҳтиром, ба раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар фазои тантанавӣ Сипосномаи раиси ноҳияро тақдим намуда, ба ташаббускорони намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ, ки аз субҳ то шом идома дошт, арзи сипос намуд.
Садои шеъру таронаҳои тарранумгари васфи Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат ва зебогиҳои диёр, инчунин рақсу кафкӯбиҳои бардавоми аҳли маҳфил дар фазои боғ то дер танинандоз гардида, ба чорабинӣ ҳусну шукӯҳи идона бахшид ва он аз хотирҳо то дер зудуда нахоҳад шуд.