Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
10 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисон ва кормандони масъули ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хоҷагиҳо, кормандони масъули соҳаҳои маориф, тандурустӣ, намояндагони ташкилоту муассиса, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Муовини раиси шаҳр Хайриддин Нурализода оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳисобот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳр моҳҳои январ-июни соли 2023 ба 1 миллиарду 724 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамин замина супориши банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисодӣ дар шаҳр 8,4 фоиз таъмин гардид.
Ҳамчунин, дар ҳисобот муовини раиси шаҳр оид ҳаҷми маҳсулоти минтақавӣ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, савдо ва хизматрасонӣ маълумот дода, рушди соҳаҳои иҷтимоиро баррасӣ намуд.
Сипас, раиси шаҳр оид ба даромади пулӣ ва пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо, ҷалби сармояи мустақим, татбиқи барномаҳо ва азхудкунии маблағи лоиҳаҳо, иҷрои нақшаи андозҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вазъи сохтмон ва бартарафкунии биноҳои фарсуда дар шаҳр, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, фарогири ба касбомӯзӣ ва шуғли аҳолӣ, сатҳи бекорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳолати роҳу нақлиёт, обу барқ, дӯхти сару либоси мактабӣ, ташкили минтақаи саноатӣ дар шаҳр, ташкили партовгоҳ дар деҳот, кишти такрории зироатҳо, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони имсола, захираи маводи хӯрока, фарогирӣ бо таътили тобистонаи бачаҳо, омодагӣ ба соли нави таҳсил, ҳолати муассисаҳои томактабӣ, таъмини хишт барои сохтмони синфҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои тиббӣ ва дигар корҳои рӯзмарра масъулинро пурсиш намуда, ҷиҳати иҷро вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар маҷлис муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон суханронӣ карда, аз вазъи муташанниҷи ҷаҳон ва минтақа таъсири он ба бозори истеъмолии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчунин дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки ба рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ диққати махсус дода, истиҳсоли маҳсулотро афзун бояд кард. Таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти арзону хушсифати кишоварзони шаҳри Ҳисор ниёз дорад. Ба истеҳсоли пахта ва картошка диққати махсус зоҳир бояд намуд. Ба рафти татбиқи барномаҳо дар шаҳри Ҳисор эрод гирифта, аз як қатор камбудиҳо дар самти иҷтимоӣ, бахусус ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифта нашудани қисме аз духтарон, сатҳи пасти таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ, иштироки ками сокинон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, афзоиши баъзе бемориҳо, амсоли сил, фавти кӯдакон, таваллуди хонагӣ, афзудани ҷинояткорӣ ва мушкилот дар даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро ном гирифт, ки ислоҳи саривақтиро тақозо менамояд.
Дар интиҳо раиси шаҳр муовини Сарвазирро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, барои дастгирии пайваста ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр изҳори сипос намуд. Афзуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил баҳри татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ аҳлона меҳнат карда, ба натиҷаҳои беҳтар ноил хоҳанд шуд.