Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

НАСБИ ХАТИ НАВИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР МАРКАЗИ ШАҲРАКИ ҲИСОР

26 июли соли равон раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Ҳисор хати нави оби нӯшокиро мавриди истифода қарор дод.
Лозим ба ёдоварист, ки сокинони беш аз 2000 нафараи маҳаллаҳои Боқи Раҳимзода, Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор, ки дар 400 хоҷагӣ муттаҳид шудаанд, муддатҳои зиёд танқисии об мекашиданд. Баъзан, рӯзҳову ҳафтаҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз сабаби нокифоя будани фишор зарурӣ дар хатҳои об ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд ва ин мушкилот боиси шикояти рӯзафзуни сокинони маҳаллаҳои номбурда ба мақомот ва идораҳои дахлдор гардида буд.
Бо ташаббуси шаҳрдорӣ барои кашидани хати оби нӯшокӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 75 ҳазор сомонӣ ва минтақаи истеҳсолӣ, техникии обтқсимкунӣ ва канализатсия дар шаҳр 30 ҳазор сомонӣ маблағҳои заруриро ҷудо намуда, дар муддати кӯтоҳ корҳои насбу васли таҷҳизот ва қубурҳоро ба анҷом расониданд,- иброз дошт сардори идораи обу канализатсия Гиёзода Аъзам.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи хати нави обрасонӣ раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо раисони маҳалла, фаъолон ва намояндагон аз маҳаллаҳои Боқӣ Раҳимзода ва Камоли Хуҷандӣ вохӯрӣ карда, дар бораи нақшаҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, рафти корҳои ободонӣ дар шаҳрак суҳбат намуд.
Собиқадори меҳнат Ҳабибулло Ҳусейнов бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати пойдор, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми шаҳрдорӣ бо хушнуди истиқбол намуда, минатдории сокини шаҳракро иброз дошт. Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, ба номи Садриддин Айнӣ Сафоат Пармонова ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои мумфарш намудани роҳи муассиса, ки ба наздикӣ анҷом ёфт ва барои насби хати оби нӯшокӣ ба маҳаллаи Боқӣ Раҳимзода, ки муассиса дар ҳудуди он ҷойгир аст, аз номи колективи омӯзгорони муассиса арзи сипос намуд. Афзуд, ки муассиса бо мардуми маҳал дар як саф истода, барои ободонии диёр содиқона хизмат хоҳанд намуд.
Раиси шаҳр бо сипосу эҳтиром аз хизмати шоистаи аҳолии шаҳрак, соҳибкорон дар ободонии шаҳрак ёдовар шуда, фаъолони маҳалларо ба тозагӣ, ободонии хонаву дар ва кӯчаву маҳаллаҳои иқоматашон ҳидоят намуд.