Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИР БА ШАҲРИ ҲИСОР

11 августи соли равон дар доираи сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, директори КВД “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз якчанд хоҷагиҳои кишоварзӣ боздид намуда, бо корҳои саҳроӣ ва фаъолияти чорводорон аз наздик шинос гардиданд.
Нахуст, гурӯҳи корӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо дидан намуда, бо сабзиши зироатҳо дар майдонҳое, ки кишти такрорӣ гузаронидаанд, шинос шуданд. Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳар ваҷаб замини аз кишти асосӣ холишударо самаранок истифода карда, зироатҳои гуногун, аз қабили сабзавоту полезӣ, хӯроки чорво ва ғайраҳо кишт намудаанд. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати мазкур риояи агротехникаи парвариши зироат ва маданияти истифодабарии замин хуб ба роҳ монда шуда, сабзиши хуби ниҳолҳо гувоҳӣ аз он медиҳад.
Идомаи сафари кории муовини Сарвазир дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод аз шиносоӣ бо фаъолияти фермаи чорводирии ҶДММ ба номи Латиф Муродов сурат гирифт. Ба муовини Сарвазир иттило доданд, ки дар фермаи мазкур асосан чорвои калони шохдори зоти сементалӣ парвариш карда, дар афзун намудани ин зот ва истеҳсоли гӯшту шир хоҷагӣ дар шаҳр пешсаф мебошад.
Зимни шиносоӣ бо хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Ҳисор гурӯҳи корӣ бо фаъолияти кишоварзони ҶДММ “50-солагии Октябр” шинос гардида, аз майдони пахтазор ва кишти полезӣ дидан намуданд. Тибқи маълумоти раёсати кишоварзӣ нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ғалла, картошкаву сабзавот ва дигар зироат дар хоҷагӣ баланд буда, деҳқонон барои таъмини бозори истеъмолӣ ва дар умум амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб мегузоранд.
Гурӯҳи корӣ аснои шиносоӣ бо парвариши зироат дар хоҷагиҳо бо мутахассисони соҳа суҳбат карда, маслиҳатҳои муфид доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар шаҳр суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 102 фоиз, яъне ба маблағи 342,1 млн. сомонӣ таъмин гардидааст, ки ба соҳаи растанипарварӣ 102,8 фоиз ва чорводорӣ 101 фоиз рост меояд.
Майдони умумии кишти зироатҳо дар шаҳр 17 703 гектарро ташкил дода, аз ҷумла кишти картошка дар майдони 727 гектар ва пиёз 336 гектар гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта мутаносибан картошка 126 ва пиёз 35 гектар зиёд мебошад. Дар майдони 1122 гектар кишти пахта гузаронида шудааст ва нисбати соли гузашта 22 гектар зиёд мебошад. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар майдони 303 гектар бо истифода аз тухмии лучак кишти чигит гузаронида шудааст. Дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ба ҷои 2038 гектар дар майдони 2041 гектар кишти такрорӣ гузаронида, дурнамои он 101,1 фоиз таъмин гардидааст ва дар ҳудуди шаҳр 13 адад гармхонаҳои доимию мавсимӣ дар самти парвариши сабзавот ва 59 адад парвариши лиму фаъолият доранд.