Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАНТАНАИ РӮЗИ ВАРЗИШ ВА ИДИ ФУТБОЛ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Шоми 10 августи соли равон дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ, консерт ва бозии футбол доир гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар тантанаи идона иштирок ва суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, садҳо иншооти муосири варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст.
Аз ҷумла, дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 3000-солагии Ҳисори бостон дар партави ташаббуси ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, бахшида ба ҷашнҳои умумимилии 30 ва 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 60 иншооти варзишӣ, аз ҷумла як варзишгоҳ, 9 толори варзишӣ, 35 майдонча, 9 маҷмаии варозишӣ ва 6 ҳавзи шиноварӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтааст. Варзишгоҳи “Ҷавонӣ” бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бо дастгирии соҳибкорон ба маблағи зиёда аз 350 ҳазор сомонӣ таъмиру таҷдид гардида, айни ҳол дар шаҳр 263 иншооти варзишӣ фаъолият дорад.
Дар иншооти мавҷудаи варзишии шаҳр аз рӯи 17 намуд беш аз 750 нафар варзишгарон дар 55 гурӯҳ машқу тамрин карда, хушбахтона, чандин нафар дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявию шаҳрӣ ширкат карда, ба натиҷаҳои баланди варзишӣ шарафёб гардиданд.
Ҳамчунин, афзуд, ки дар ҷаҳони муосир варзиш аз маъмултарин соҳаҳое маҳсуб меёбад, ки ба тандуруст, неруманд, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман бардаму солим ба камол расидани шахс мусоидат намуда, барои ҷавонону наврасон воситаи самаранок истифода бурдани вақти қиммати хеш, василаи пурқудрати дурӣ ҷустан аз омилҳои номатлуб, амсоли ҷинояткориву наъшамандӣ, бадахлоқию оворагардӣ барин одатҳои манфии ҷомеа маҳсуб меёбад.
Раиси шаҳр дар идомаи чорабинӣ варзишгарону мураббиҳо ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, дар фазои тантанавӣ ба нафароне, ки дар рушди соҳаи варзиш дар шаҳр ва кишвар саҳми арзанда гузоштааанд, амсоли мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Исмоилов, собиқадорони соҳаи варзиш Хурсандмурод Бобоназаров, Шералӣ Холиқов, Муҳайё Маҳмадҷонова, устодони варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзбахш Шоев ва Иқбол Салимов, футболбозон Сайҳомид Ӯзбекзода ва Аҳмади Салоҳиддин, сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор Юсуф Рабиев, чемпиони чоркаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквондо Абдуҷаъфари Баҳодур ва чемпиони чоркаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини “Ҷудо”, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини “Кураш”, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Ҳақназар Назаров Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ва бозии дастаҳои Клуби футболи “Шодмон” ва Клуби футболи “Барқчӣ”-и Ҳисор, ки дар лигаи якуми мамлакат баромад мекунанд, доир гардид. Бозӣ аз ибтидо то интиҳо ҷолибу шавқовар гузашта, ба иди ҳақиқии футбол табдил ёфт. Тавре, дар варзиш дар чунин мавридҳо ном мебаранд, дӯстӣ ғалаба кард ва бозии дастаҳо дуранг ба анҷом расид.