Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

24 ноябри соли равон дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои идона доир гардид. Кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр бо шиору овезаҳо ороиш ёфта, намои идона ба бар карда буд.
Сокинони шаҳр, аз ҷумлаи намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли зиё, ҷавонону наврасон парчаму нишони давлатӣ, аксҳои Президент, Қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиорҳои таҷассумгари муҳаббат ба Ватани азизу маҳбуб дар даст бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва ифтихору дӯстдории Ватан дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Файзулло Абдуллоев ва Тоҷиддин Муҳиддинов роҳпаймоии идона доир карда, эҳтирому самимияти худро нисбат ба муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ, собит намуданд.
Дар идома, дар толори Кохи фарҳанги шаҳр чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода суханронӣ карда, аз номи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинону меҳмонони шаҳрро муборакбод гуфт.
Зикр намуд, ки парчамдории халқи тоҷик таърихи қадима дошта, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии халқи тоҷик бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи ифодагари давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед ва умед ба ояндаи нек шинохта шуда, дар зери ливои худ миллати тоҷикро муттаҳид кардааст.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзест, ки миллати тоҷик ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар саросари олам муаррифӣ менамояд ва ин рамзи озодию соҳибистиқлолии миллати тоҷик дар боми созмони бонуфузтарини олам – Созмони Милали Муттаҳид парфишон буда, аз узвияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин созмони байналмилалӣ дарак медиҳад.
Дар фарҷоми суханронӣ бо фараҳу ифтихор, рӯзи Парчами Ватанро, ки баёнгари ҳастиву мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва раҳнамои рӯзи пуршукӯҳу саодатёр ба сӯи ояндаи шукуфону дурахшони халқи азизамон мебошад, самимона табрику муборакбод гуфта, дар фазои кишвар сулҳу ваҳдати пойдор, амнияту осоиш ва рӯзгори саршор аз фараҳ ва нусрату комёбӣ таманно намуд.
Сипас, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, филармонияи халқии ба номи Тоҷикддин Муҳиддинов, инчунин сарояндагони маъруф аз шаҳру ноҳияҳои ҳамсоя, ки ба табрикоти дӯстонашон омадаанд, бо оҳангу таронаҳои таранумгари васфи Ватан, муқаддасоти миллӣ, ваҳдату дӯстӣ ва зебогиҳои диёр, хотири иштирокчиёни чорабиниро болида намуданд.