Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҲАМА БА ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ!

Дар маҷлиси васеи кории раиси шаҳри Ҳисор, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Қосим Роҳбар ва бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисону котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир гардид, ин навбат масъалаҳои вусъати корҳои ободонӣ, бахусус, оғози ниҳолшинонӣ дар шаҳр, гузаронидани шанбегии умумишаҳрӣ дар даҳаи сеюми моҳи декабр мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст, масъалаҳои сохтори намунавӣ ва шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, тақвияти раванди обуна байни аҳолӣ ба маҷалаву рӯзномаҳои даврӣ дар соли 2024, вобаста намудани ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр барои сарпарастӣ дар рӯзҳои иду айём ба мактаб ва хона –интернатҳо баррасӣ гардид.
Дар маркази шаҳр корҳои сохтмон бо маром идома дорад ва аз ҳисоби гаштугузори мошинҳои гаронҳаҷми боркаш дар кӯчаҳои шаҳр, бахусус роҳҳо чангу хок ва дигар партовҳои сохтмон зиёд шуда, ба ҳусни шаҳр халал ворид мекунанд. Бинобар, зарур шуморидем, ҷиҳати тоза намудани шаҳр ва деҳоти он аз ҳамагуна партовҳо бо иштироки роҳбарону кормандони тамоми корхонаву идораҳо, муассисаву ташкилот, иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ, доираи васеи аҳолӣ 23 декабри соли равон, дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ шанбегии умумишаҳрӣ доир намоем, – иброз дошт раиси шаҳр.
Сипас, вобаста ба ташкилу гузаронидани шанбегии умумишаҳрӣ, инчунин, оғози маъракаи ниҳолшинонӣ, чораҳои таъсиррасонӣ барои барҳам додани савдои сарироҳӣ дар кӯчаи марказии шаҳр ва ташкили гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаву ташкилотҳои назоратӣ, дар ин самт махсус таъкид шуда, дар супоришҳои протоколии раиси шаҳр дарҷ гардид ва назорати иҷрои он ба зиммаи муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода вогузор карда шуд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки нақшаи махсуси чорабиниҳои шанбегии умумишаҳрӣ таҳия шуда, тариқи барқияву эълонҳо мардуми шаҳр аз ин тадбири ободонӣ огоҳонида шаванд.