14 феврал бо дастури раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар МИҲД-и шаҳри Ҳисор оид ба баррасии супориши протоколии ҷаласаи назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз 2 феврали соли 2024, оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи мушаххаси давлатӣ вобаста ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040, ки аз банди 40-и нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеояд, машварати васеи корӣ доир гардид.
Машварат таҳти раёсати муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи кишоварзӣ Абдуфаттоҳ Назризода бо ҳузури муовини якуми раиси шаҳр, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассиса ва корхонаву ташкилоти зерсохтори вазорату кумитаҳои дахлдор дар ҳудуди шаҳр, баргузор гардид.
Дар машварат ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии шаҳри Ҳисор ва муҳити зист ба масъулон оид ба таҳияи нақшаи кабудизоркунии маҳалла, деҳа, ҷамоат, шаҳрак, идораҳои маъмурии муассиса ва корхонаву ташкилот, субектҳои соҳибкорӣ, шафати роҳу канал ва ҷӯйборҳо, талу теппаҳо ва атрофи хонаҳои истиқоматӣ бо назардошти масоҳати замин, миқдор ва намуди ниҳолҳо, инчунин маблағи масрафи пешбинишуда давра ба давра дастуру супориш дода шуд.
Таъкид гардид, ки муовини якуми раиси шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр рафти босифат омода ва татбиқ намудани Барномаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Ҳисорро барои то давраи соли 2040 зери назорат гирифта, натиҷаҳои бадастомадаро тариқи ҷадвали махсус, давра ба давра ҷамъбаст ва бо мувофиқа бо раиси шаҳр ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намоянд.