Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастури раиси шаҳр Қосим Роҳбар, бо роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин роҳбарону намояндагони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссариати ҳарбии шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, волидайни сарбозон аз шаҳри Ҳисор ба қисми низомии “45045”-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд ва бо шароити будубоши сарбозону афсарон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Меҳмононро командири қисми ҳарбӣ подполковник Хушбахт Назарзода расман пазироӣ карда, хайрамақдам гуфт. Сироҷиддин Каримзода ҳайатро шинос карда, туҳфаю анвоҳои хӯроквории бо худ доштаашонро иборат аз нону кулча, меваю ширинӣ ва пухтупазҳои миллӣ пешкаши сарбозон намуданд.
Дар идома меҳмонон, аз ҷумла волидайни сарбозон аз хобгоҳ, ошхона, толорҳои истироҳатӣ, хоҷагии ёрирасон, аз ҷумла фермаи чорводорӣ ва боғи дарахтони мевадор, ҳаммоми сарбозон дидан карда, бо нуктаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ шинос шуданд ва аз шароитҳое, ки муҳайё гардидааст изҳори қаноатмандӣ карда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ изҳори минатдорӣ намуданд.
Сипас, дар ҳавлии қисми низомӣ, бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тӣантанавӣ баргузор гардид.
Муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода паёми табрикии раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбарро ба хизматчиёну кормандони қисми ҳарбӣ қироат карда, ба мугносибати ҷашн муборакбод гуфт. Ҳамчунин, дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод, муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Саид Абдуллоев, намояндаи бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Бӯрии Ҳабибулло суханронӣ карда, сарбозон ва афсаронро ба муносибати ҷашни фархундаи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор сарбозону афсарон барои хизмати содиқона дар сафҳои Артиши миллӣ Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи ҷолиби консертиро пешкаш карданд ва сарбозону тмеҳмонон дар ҳавои суруду мусиқии ҷаззоб рақсу дилхушӣ намуданд.