11 марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маҷлиси васеи кории раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисону кормандони масъули ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои давлатии дахлдор доир гардид.
Раиси шаҳр ба кори маҷлис оғоз бахшида, иштирокчиёни маҷлис ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт. Баъдан ёдовар шуд, ки аз ибтидои сол дар шаҳр таҳти сарпарастии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва МИҲД-и шаҳри Ҳисор чорабинии байналмилалии “Бузкашӣ” доир гардида, ҷашнҳои фархундаи Рӯзи Қуквваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил карда шуданд.
Рӯзномаи маҷлис, ки масъалаҳои кадрӣ, натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар ду моҳи соли 2024, омодагӣ ба маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳолати истифодабарии заминҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, риояи талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, ташкили партовгоҳҳои муваққатӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, ташкили шанбегиҳои оммавӣ ва омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалро дарбар мегирифт, муаррифӣ гардид.
Раиси шаҳр, нахуст, оид ба тағйироти кадрӣ дар МИҲД-и шаҳр маълумот дода, ба вазифаҳои нав таъйин шудагонро муборакбод гуфт ва таъкид намуд, ки сазовори боварӣ ва дар мансабҳои ишғолкардаи хеш содиқу масъулиятшинос бошанд.
Дар масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ду моҳи соли 2024 зикр гардид, ки суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ 113,7 фоизро ташкил додааст.
Раиси шаҳр ба кашолкорӣ дар фаъолияти комиссияи номгузории назди МИҲД-и шаҳр эроди ҷиддӣ гирифта, ҳамчунин, номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25, деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон ба номи собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26, деҳаи Кончии Ҷамоати деҳоти Ҳисор ба номи собиқадори соҳаи маориф, иштирокчии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Халил Мирзоевро пешниҳод намуд.
Дар масъалаи омодагӣ ба маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҷараёни ҷалби ҷавонон ба курсҳои ронандагии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар асоси таҳлилҳо ва ҷадвали омодасозии ҷавонон ба хизмат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дарҷ гардид, ки ҷамоатҳои шаҳраки Шарора ва деҳоти Дурбат нақшаи ҷалби ҷавонон ба курсҳои ронандагиро барзиёд иҷро кардаанд ва дар деҳоти Мирзо Ризо, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Сомон ва Ҳисор тадбири мазкур суст ҷараён дорад.
Дар идома масъалаҳои ҳолати истифодабарии заминҳои кишоварзӣ, рафти кишту кори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти картошка ва чигит, инчунин, кирмакпарварӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси шаҳр ба кормандони дастгоҳи ҷамоатҳо, кормандони соҳаи кирмакпарварӣ вобаста ба омода намудани хонаҳои кирмакхобонӣ ва бунёди тутзорҳо, гузаронидани кишти оптималии чигит дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вобаста ба фаро расидани моҳи шарифи рамазон аз риояи талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ба зиёдаравию масрафи беҳуда роҳ надода, маблағҳои хайриявиро дар ободонии деҳаву маҳалла, дастгирии ниёзмандон харҷ намоянд.
Дар идома масъалаи ташкили партовгоҳҳои муваққатӣ дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр баррасӣ шуда, шахсони масъул, барои ба низом овардани онҳо вазифадор гардиданд.
Дар масъалаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ иброз гардид, ки то 16 феврали соли равон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 12 400 адад ниҳолҳои гуногуни мевадор, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст, ки 106 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки ниҳолшинонӣ дар ҷойи дарахтони хушкшудаи шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, ташкили шанбегиҳо вусъат бахшида шаванд.
Дар робита ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, барои насби шиору овезаҳои ҷашнӣ дар шаҳр, тозагии мавзеҳои идгоҳ ва дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, ҳамчунин мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шахсони масъул вазифадор гардиданд.
Дар фарҷом, раиси шаҳр барои иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар ҷараёни маҷлис таъкид гардид, барору муваффақият таманно намуд.