Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИСТИҚБОЛ АЗ РӮЗИ МОДАР

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ шуруъ аз оғози рӯзҳои аввали фасли баҳор чорабиниҳои зиёди идона, аз қабили “Тоҷикона мепӯшем”, “Кадбунуи беҳтарин”, “Аллаи беҳтарин”, “Канӣ, духтарҳо” баргузор гардида, эҳтирому ифтихори занону бонувонро нисбат ба идҳои миллӣ таҷассум менамояд.
Имрӯз, 6 март дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳр Қосим Роҳбар иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занону модарон дар пойдории давлату миллат, сулҳу ваҳдат, ободии ҳар хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар ҷомеа беназир аст.
Рӯзи Модар аз дӯстдоштатарин ҷашнҳо барои мо мардон маҳсуб ёфта, эҳсос менамоям, ки ҳузуру марҳамати Шумо дар чорабинӣ ба ин толори муҳташам зебоиву назокат ва нуру зиё бахшида, аз чашмони шарарборатон мисли хуршеди олам шуълае медурахшад, ки аз ибтидо то интиҳо тавонбахшу равшанибахши роҳи ҳаёти ҳар кадоми мо буду ҳаст ва ҷовидон хоҳад монд, – иброз дошт раиси шаҳр Қосим Роҳбар.
Мавсуф аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ёдовар шуда, афзуд, ки Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Бинобар, мову шуморо зарур аст нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Аз матонату фидокории занону бонувони шуҳратманди шаҳри Ҳисор, ки сафҳояшон ҳазорҳоро ташкил дода, дирӯзу имрӯз дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодии мамлакат содиқона хизмат карда номашонро дар таърихи шаҳр бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд бо ифтихор сухан карда, изҳори итминон намуд, ки рӯзгори онҳо барои занону духтарони шаҳр намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш мебошад. Бонувони шаҳр, дар ҷомеа дар баробари адои рисолати модарӣ, вазифаҳои бадӯшдоштаи худро амсоли тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ сарбаландона иҷро менамоянд ва дар рушду ободии кишвари азизамон, раванди бунёдкориву созандагии диёр саҳми шоиставу арзишманд мегузоранд.
Соли равон, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудааст, бо боварӣ метавон гуфт, ки занону бонувони шаҳр, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани мақоми қонун, муносибати эҳтиромона ба он, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо бо эҳсоси баланди масъулияти ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳиссагузорӣ карда, дар риояи талаботу муқаррароти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин, ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.
Барои истиқболи шоиста аз Наврӯзи байналмилалӣ, раиси шаҳр аз бонувон даъват ба амал овард, ки бо саҳму иштироки фаъолона, оростани хони наврӯзӣ, чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор карда, симои зоҳирию ботинии бонуи тоҷикро, ҳамчун, дорои фарҳангу тамаддуни баланд таҷассум намоянд.
Раиси шаҳр дар интиҳои суханронӣ бо камоли эҳтирому самимият иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, сиҳатмандию болидарӯҳӣ, хушрӯзиву хонаободӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори саршор аз фараҳу шодмонӣ таманно намуд.
Барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар, Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддин, инчунин, дастпарварони мактабҳои мусиқӣ, санъат ва эҷоди кӯдакон ба чорабинӣ ҳусни идона бахшид.