Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАНТАНАИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

20-уми март дар наврӯзгоҳи Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор иди байналмилалӣ ва бостонии Наврўз бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини ҳокими вилояти Сурхандарё Тӯраев Ҷӯрабек Абдуллоевич ва фаъолони шаҳр пуршукӯҳ таҷлил гардид.
Дар чорабинии тантанавию фарҳангии ҷашнӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва намояндаи меҳмонони Ӯзбекистон суханронӣ намуда, иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони сарбаланду шарафманди шаҳри Ҳисорро табрику таҳният гуфтанд.
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода бо ёдоварӣ аз ваҳдату сулҳу суботи комил, озодиву соҳибистиқлолӣ, сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат имконият фароҳам омад, ки мардуми тоҷик ба арзишҳои аз ёдҳо рафтаи беш аз шашҳазорсолаи хеш аз нав руҷуъ кунад ва таомули аз даст додаи худро вобаста ба талаботу манфиатҳои ҷомеа аз нав эҳё намояд. Наврӯз бо таърихи қадимаи худ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид ва аз шарофат ва баракоти роҳнамоиҳои Пешвои миллат ва дастгирии роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, ҷаҳониён Тоҷикистонро ба ҳайси ватани наврӯз эътироф намуданд.
Намояндаи меҳмонони ӯзбек зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси президентони ду кишвари ба ҳам дӯст – ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити ду кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардид ва афзуд, ки иштироки намояндагон кишварҳо дар ҷашни Наврӯзӣ ва дигар ҷашнҳои миллию суннатии ҳамдигар, равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои байниҳамдигарии аҳли ҳунари ду халқ гувоҳи возеҳи он мебошанд.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар таманниёти наврӯзӣ меҳмонону иштирокчиён ва сокинони шарафманди шаҳрро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай самимона шодбош гуфта изҳор дошт, ки Наврӯз барои мардуми мо дар радифи Истиқлоли давлатӣ ҷашни фархундаву гиромӣ буда, бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҳамчун суннатҳои деринаи миллии халқи тоҷик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллшӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё шудааст ва мақоми байналмилалӣ гирифта, дар миқёси ҷаҳон ҳамасола пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Бо шарофати ин ҷашни миллӣ дар Тоҷикистони азиз, аз ҷумла шаҳри Ҳисор силсилаи иқдомҳои созандаву бунёдкорӣ роҳандозӣ шуда, аз баракоти он шаҳраку деҳот ободу зебо мегарданд.
Ҳамчунин таъкид намуд, ки Наврӯз аз зинда шудани табиат, оғози соли нави аҷдодӣ ва мавсими киштукор мужда расонида, сокинони шаҳр дар баробари тозаву озода, ободу зебо ва кабудизоркунии хонаву кошона, маҳалли зисти худ, шаҳраку деҳот ба истиқболи Наврӯз дастархони идона меороянд, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир када, мавсими киштукори баҳориро низ бо рӯҳияи баланду созанда оғоз ва вусъат мебахшанд.
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ёдовар шуда, таъкид дошт, ки мардуми мо бо шарофати сиёсати оқилонаву бобарори Ҳукумати мамлакат расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои суннатии хешро, ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор таҷлил менамоянд ва байни онҳо Наврӯз ҳамчун ҷашни Соли нав мавқеъи махсус касб карда, дар даврони истиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо намуд ва ба яке аз беҳтарин оинҳои мардуми тоҷик табдил ёфт. Изҳори итминон намуд, ки минбаъд низ Наврӯз, ҳамчун пайвандгари наслҳо, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодонамон ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат хоҳад кард.
Намоиши театрикунонидашуда ва барномаи консертии саршор аз шеъру таронаҳо дар васфи истиқлолияту ваҳдат, баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз, бо иштироки санъаткорони маъруфи кишвар ва бахши фарҳанги шаҳр анҷомбахши тантанаҳои идона гардиданд.
Бегоҳии рӯзи 20 март ба эҳтироми ташрифи меҳмонони ӯзбек, дар боғи зимистонаи “Шаршара” бо иштироки меҳмонон, аҳли зиё ва ҳунармандони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ” доир гардид.