Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

АРМУҒОНҲОИ НАВРӮЗӢ

Субҳи 20 марти соли 2024 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Дилрабо Мансурӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф овард.
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ бо раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи сафари корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот як зумра иншооти гуногуни иҷтимоиро ифтитоҳ намуда, ба раванди корҳои созандагӣ шинос шуданд. Ҳамчунин, намояндаи Ҳукумати мамлакат дар тантанаҳои наврӯзии сокинони шаҳр иштирок карда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Нахуст, Дилрабо Мансурӣ ва Қосим Роҳбар дар деҳаи Шӯроби Афғони Ҷамоати деҳоти Сомон иншооти ҷашнии “Коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ”-ро, ки аз ҷониби Сайбибӣ Баротова бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар майдони 130 метри мураббаъ бо маблағи умумии зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар коргоҳ 10 нафар ҳунармандони маҳаллӣ бо ҳам омада, ба машғулияти доимии музднок ҷалб шудаанд ва оянда сафи онҳо то ба 15 нафар расонида мешавад. Ҳунармандон, ки синну солашон бемаҳдуд мебошад, дар коргоҳ дӯхтани либосҳои гуногуни кӯдакона ва занонаю мардона, арӯсиву домодӣ, зардевориҳоро ба роҳ монда, ба бофандагию сохтани зоча ва дигар ҳунарҳои азбайнрафтаи мардумӣ шуғл меварзанд.
Раиси шаҳр ба роҳбари коргоҳ пешниҳод намуд, омода аст, барои дастрас намудани ду дастгоҳи атласу адрасбофӣ кӯмак намояд.
Соҳибкор ният дорад, дар коргоҳ ҳунармандони бештарро ҷалб намояд ва ҳунарҳои қадимаро эҳё карда, пешкаши меҳмонону сайёҳон намояд.
Дар идома муовини Сарвазир ва раиси шаҳр дар рустои Ситораи Ҷамоати деҳоти Навобод толори варзиширо, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар толор бо варзишгарон мулоқот карда, бо арзи сипос ба ташаббускорони иқдом, ҳамчунин ба варзишгарони наврас тӯби варзишӣ тақдим намуданд ва ҷиҳати рушди варзиши кишвар ба онҳо муваффақият таманно намуданд.
Дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бинои нави Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо иловаи ду ҳуҷра дар назди он барои муассисаи давлатии Маркази ташаккули тарзи ҳаётӣи солим, ки аз ҷониби соҳибкор Комрон Қодиров бо маблағи беш аз як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Муовини Сарвазир аз утоқҳои кории кормандони Марказ дидан карда, ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дод ва дар ҷавоб ба ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ба хизмати содиқона ҳидоят намуд.
Дар ҳамин кӯча, бо ҳузури Дилрабо Мансурӣ ва Қосим Роҳбар, бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо таҳхона ва марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино дар масоҳати умумии 3590 метри мураббаъ бунёд ёфта, аз 9 ошёна ва 26 адад хонаҳои дуҳуҷрагӣ ва 8 адад сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Муовини Сарвазир ва раиси шаҳр дар ошёнаи якуми бино аз Маркази стоматологии “Дента 1”, ду дорухона, мағозаи хӯрокворӣ дидан намуда, дар ошёнаи сеюм аз шароитҳо дар ду хонаи истиқоматии шаҳрвандон шинос гардиданд ва аз сифати хонаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ва раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар ҳавлии иншоот бо роҳбарону фаъолони ҷамоат суҳбат карда, аз мушкилоташон пурсон шуданд ва ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони иншооти ҷашнӣ маслиҳатҳои судманд дод доданд.