25 марти соли равон тантанаҳои идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳраки Ҳисор идома ёфт.
Субҳи содиқ сокинону меҳмонон, пиру барнои шаҳр ба назди меҳмонхонаи “Усто Набот” ҷамъ омада, Наврӯзи фархундапайро бо анъанаҳои неки суннатиаш истиқбол гирифтанд.
Нахуст, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муовини раиси шаҳр Нурализода Хайриддин ва кормандони дастгоҳи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ, ки хоси Наврӯз буда, ҳунармандону кадбонуҳои маҳаллаҳои шаҳрак омода намудаанд, дидан карданд.
Дар ин рӯз бо дастгирии соҳибкорон тӯйи суннатии 25 нафар кӯдакон низ доир гардида, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.
Сипас, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, муассисаҳои таълимӣ, мактаби санъат ва эҷоди наврасон ва муассисаҳои томактабӣ барномаи муштараки рангини консертиро пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.
Дар гӯшаҳои дигари Наврӯзгоҳ бозию мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, шашкаю шоҳмотбозӣ ва гӯштини миллӣ доир карда шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр базмҳои наврӯзӣ пагоҳ дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ баргузор мегардад.