29 марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони маҳалла ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳр ба иштирокчиёни иҷлосияи Мақлиси вакилони халқ мушовири адлияи дараҷаи якум Раҳмон Умедҷон Нуриддинро, ки ба вазифаи Прокурори шаҳр таъйин шудааст, муаррифӣ карда, дар фаъолияти хизматиаш муваффақият таманно намуд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон бо тасдиқи ҳайати котибот рӯзномаи иҷлосияро иборат аз чор масъала – баррасии рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026, ҳисоботи вакили МВХ шаҳри Ҳисор Раҷабова Фарида аз ҳавзаи интихоботии Чуқурак №33 оид ба иҷрои ваколати вакилӣ, ҳамчунин, масъалаҳои иваз намудани номи деҳаҳо ва номгузорӣ намудани муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди шаҳр ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳрро оид ба масъалаҳои кадрӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия – баррасии рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026, муовини раиси шаҳр Хайриддин Нурализода суханронӣ карда, оид ба рафти татбиқи Барнома ҳисобот дод.
Раиси шаҳр тариқи монитор, бо истифода аз ҷадвалҳои таҳияшуда, рафти амалӣ гардидани Барнома ва қарору нақшаҳои дар ин самт ба тасвиб расидаро бо шарҳу эзоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар баробари камбудиҳои ҷойдошта дар раванди татбиқи Барнома аз пешравиҳо, яъне то ба 110%, афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, 67 млн. зиёд гардидани даромади пулии аҳолӣ ва давоми солҳои 2021-2023 дар доираи лоиҳаҳои Барнома ба истифода дода шудани 504 иншооти муҳим ба маблағи 159,9 млн. сомонӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва таъсиси зиёда аз 3900 ҷойи корӣ ёдовар шуд. Афзуд, ки дар ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и шаҳр, саҳми вакилон, ҷамоатҳо, аҳолӣ ва соҳибкорон шоистаи таҳсин аст.
Раиси шаҳр оид ба рафти такмили иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2021-2026 идораҳои дахлдори давлатӣ ва бахши хусусиро вазифадор карда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар муҳлатҳои муайян ба ҳамкории муштараки байниидоравӣ ҳидоят намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм вакили МВХ-и шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии Чуқурак №33 Фарида Раҷабова суханронӣ карда, оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ дар ҳавзаи мазкур ҳисобот дод.
Раиси шаҳр аз вакил вобаста ба иҷрои нақшаи андоз дар соли 2023, сатҳи бекорӣ, муҳоҷират, кӯмакҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон, ҷудошавии оилаҳо, маорифу тандурустӣ, омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, мушкилот дар самти таъминот бо барқ, баровардани партов, ҳолати роҳҳо, иттиҳодияҳои динӣ, иҷрои талаботҳои қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, чораҳои пешгирӣ аз хурофоту шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муроҷиати шаҳрвандон дар деҳаҳои ҳудуди ҳавза пурсиш намуд.
Вакилон дар баррасии масъалаи сеюм, иваз намудани номи деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Ҳисор, Кончӣ ба Баҳористон ва Кӯҳнабой ба Соҳил, инчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба номи рӯзноманигор шодравон Акбари Саттор ва муассисаи таҳсилоти миёнаи №26 ба номи собиқадори соҳаи маориф, вакили Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон шодравон Халил Мирзоев гузориши муовини раиси шаҳр Бунафша Юлшзодаро шунида, қарори раиси шаҳрро бо пешниҳоди Комиссияи номгузории назди МИҲД-и шаҳр дар ин масъала тасдиқ намуданд.
Дар идомаи иҷлосия вакилон масъалаи кадрии рӯзномаро муҳокима намуда, қарорҳои раиси шаҳрро оид ба хориҷ ва таъйин намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои МИҲД-и шаҳр ва санадҳо дар бораи маблағҳои масрафшуда дар чорабиниҳои шаҳриро тасдиқ намуданд.
Дар фарҷом раиси шаҳр аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат санаи 9 марти соли равон ёдовар шуда, аз оқибатҳои хурофотпарастиву шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҳушдор дод ва амали террористие, ки дар шаҳри Маскави ФР рӯй дода, дар ин фоҷеаи мудҳиш шаҳрвандони кишвари мо гумонбар дониста шудаанд, маҳкум намуд. Таъкид гардид дар тарбияи фарзандон аз боғча сар карда то мактабу донишгоҳҳо ҷиддӣ машғул бояд шуд.
Ҳамчунин, аз иштирокчиёни иҷлосия даъват ба амал овард, ки корҳои ободониву созандагиро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолият вусъат бахшида, дар маъракаҳои корҳои баҳории кишоварзӣ муташаккилона ширкат намоянд, барои фаровонии бозори истеъмолӣ ва дастархони аҳолӣ саъю талош намоянд, дар моҳи Шарифи Рамазон дастгириву кӯмак ба ятимону барҷомондагонро масъулин дар меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд.
Бо ҳамин ба кори иҷлосия ҳусни анҷом бахшида шуд.