Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ
Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи расид, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ дар раванди ҷорӣ тавассути маблағҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд. Дар муомилоти ғайринақдӣ нақши эквивалентиро ҳамон суратҳисоби электроние, ки дар корт ё дигар воситаҳои эелекторнии истифодашаванда мавҷуд аст, ба миён меояд.
Дар замони муосир воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринакдӣ ба зинаи сифатан нави таҳаввулоти худ қадам мегузоранд. Масалан, дар иқтисодиёти Шветсия, аз рӯйи маълумоти Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, пули нақд бениҳоят кам ҳаҷми умумии муомилоти пулиро ташкил медиҳад. Дар ИМА бошад, истифодаи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақди ба таври бениҳоят васеъ истифода мегардад. Шумораи зиёди кишварҳо ҳоло тадриҷан аз ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ба усулҳои нисбатан мусоид, арзон ва самараноки муомилоти ғайринакдӣ мегузаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванд талош меварзад, ки ҳарчи зудтар ба ҳасобаробаркуниҳои ғайринақдӣ гузарад.
Боиси қайд аст, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшад. Таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта баёнкунандаи он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғани гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои корупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.
Тибқи Фармони мазкур, шуруъ аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, навъҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Дар баробари ин, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии дар ҳудуди шаҳр фаъолияткуннада муваззаф гардидаанд, ки инфрасохтори зарурии қабули пардохтҳои ғайринақдиро омода намуда, амнияти пардохтҳо ва имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатиро дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии шаҳр таъмин намоянд.