Дирӯз, ҳайати бузурги ҳунармандон аз кишвари ба мо дӯсти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон ҳузур доштанд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор боздид намуданд.
Меҳмононро дар регистони Қалъаи таърихии Ҳисор муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода истиқбол гирифта, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Сипас, меҳмонон аз Қалъа, Амфитеатр, растаҳои ҳунармандон, Қасри ҳоким ва мадрасаҳои наву кӯҳна дидан карда, бо таърихи шаҳр ошноӣ пайдо намуданд.
