Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ, имрӯз дар деҳаи Гачаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози мусобиқа иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор Ба якчанд нафар собиқадорон ва ҷавонпаҳлавонон, ки дар рушди гӯштини миллӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд. Сипас, суханронӣ карда, меҳмонону паҳлавононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Зикр намуд, ки халқи тоҷик аз азал хиради бузурги паҳлавониро доро буд ва табиатан дӯстдори варзиш буда, онро дар баробари дигар арзишҳо, ки давлату миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд аз омилҳои беҳтарин дар роҳи камолоти ақлониву фалсафавии худ медонист.
Бо ҳидояту таваҷҷӯҳи ғамхорона ва андешаҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар, бахусус насли наврасу ҷавон шароитҳои зарурии варзишӣ муҳайё гардида, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон, ба миллати мо муяссар гардид, ки дар баробари эҳё намудани фарҳангу тамаддуни ниёгон, намудҳои варзиши миллӣ бахусус, гӯштини миллиро, мақоми баланд эҳдо намоянд. Бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд дар ҳама манотиқи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳри Ҳисор дар доираи таҷлили 30 ва 35-солагии Итиқлоли давлатӣ беҳтарин майдону толорҳои муҳташами варзишӣ бунёд ёфтанд.
Дар мусобиқа паҳлавонон аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон иштирок карда, бо қувваозмоии зебо бо ҳарифони худ хотири ҳаводоронашонро болида гардониданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони ҳимматбаланд, барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор гардидани мусобиқа ба ғолибон туҳфаҳои гаронарзиш, аз ҷумла 2 адад автомашинаи сабукрав чорвои калон ва асбобҳои маишии рӯзгор пешкаш карданд.
Дар интиҳои мусобиқа варзишгар аз шаҳри Ҳисор Ҳақназар Назаров бар ҳарифи худ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастболо шуда, ғолибиятро ба даст овард ва ба гирифтани шоҳҷоиза – автомашина сазовор гардид. Роҳбари шаҳр дар вазъияти тантанавӣ калиди автомашинаро ба ғолиб тақдим карда, ҷавонпаҳлавонро муборакбод гуфт ва итминон намуд, ки Ҳақназар чун ҳамешагӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, шарафи варзишии давлату миллати тоҷикро баланд хоҳад бардошт.
Барои соҳиб шудан ба автомашинаи дуюм паҳлавонон аз ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор зиёд қувваозмоӣ карданд, вале бо сабаби рақобати барбар ва бенатиҷа ба онҳо муяссар нагирдид, то ғолиб шуда, автомашинаро ба даст оваранд.