Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар идораи нозироти андози шаҳри Ҳисор бо иштироки кормандони соҳа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Ҳисор Хайриддин Нурализода иштирок ва суханронӣ карда, паёми табрикотии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷабборро ба саъми ҳозирин расонид. Ҳамзамон, зикр намуд, ки мақомоти андоз, ҳамчун ниҳоди пурқуввати молиявӣ дар пешрафти ҳаёти иқтисодву иҷтимоии кишвар нақши муассир дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз фаъолияти кормандони нозироти андоз дар шаҳр қаноатманд буда, саҳми онҳоро дар ғанӣ гардонидани буҷети шаҳр, ки пардохти саривақтии нафақа, музди меҳнати кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз он вобаста мебошад, шоиста арзёбӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз дар шаҳр дар ҳаҷми 101,8 фоиз, ё ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ барзиёд иҷро гардидааст.
Сипас, дар фазои тантанавӣ сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор Ибодуллозода Алиҷон ва як қатор кормандони фаъоли нозирооти андоз, барои татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти молияву андоз, таъмини муназзами иҷрои нақшаи андоз дар шаҳр ва ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.