Дирӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор якҷоя бо прокурори шаҳр, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор ва намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ҳисор ба мавзеҳои аз офати табиӣ зарардида, деҳаи Гачаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва Баракати Ҷамоати деҳоти ба номи Турсунзода ташриф оварда, аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офат боздид намуданд.
Роҳбарияти шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки аъзои Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳр ва сокинони зарардидаи деҳаҳои Гачак ва Баракат дар минтақаи аз лою гил тозашуда мулоқот доир намуданд ва бо мардум суҳбат ороста, оид ба мушкилот ва эҳтиёҷоташон дар рӯзгор пурсиш намуданд.
Ҳамчунин, тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастгирии соҳибкорон корвони мошинҳо, иборат аз молу ашёи зарурии рӯзгор, маводи хӯрака ва ҷиҳози хона ба аҳолии минтақаҳои офатзада дастрас ва тақсим карда шуд.
Дар вохӯриҳо бо аҳолии зарардида таъкид гардид, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулода то пурра ба анҷом расидани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаҳо фаъолият мебаранд ва ҳамкории сокинони деҳаҳо бо аъзои Комиссия барои зудтар ба маҷрои пештара баргардондани зиндагии мардум мусоидат менамояд.

