Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИД АЗ МИНТАҚАҲОИ ХАВФНОКИ РӮДИ КОФАРНИҲОН

Субҳи рӯзи 12 май иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳисор аз соҳилҳои хавфноки рӯди Кофарниҳон, ки аз ҳудуди деҳаҳои Сумбула, Шерхонӣ, Кӯҳнабой, Равшан ва Боғ мегузарад боздид намуд.
Дар Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №90-и деҳаи Шерхонӣ аз минтақае, ки бар асари боришоти рӯзҳои охир фурӯ рафтааст дидан намуда, бо устодони муассиса ҷиҳати андешидани чораҳои бехатарӣ нисбати хонандагони мактаб ҳангоми боришот ва омадани сел суҳбат намуд.
Ҳамчунин, барои кам кардани шиддати маҷрои дарё ба самти муассиса, муовинони раиси шаҳр ва кормандони дастгоҳи Ҷамоати деҳоти Ҳисорро барои андешидани чораҳои таъҷилӣ ҷиҳати паст намудани соҳили муқобил вазифадор намуд.
Аз синфхонаҳои муассиса, рафти сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассиса дидан намуда, омодагии МИҲД-и шаҳрро барои дастрасӣ ба маводи сохтмон, аз ҷумла хишт изҳор дошт.
Дар идома Носирзода Ҷаббор дар саҳрои КВД “Сумбула” аз ғаллазор, ҷӯю заҳбурҳои заминҳои мавзеи мазкур дидан намуд ва бо фаъолияти пойгоҳи обкашии идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, ки заминҳои ҳамин минтақаро бо оби полезӣ таъмин менамояд, шинос гардид.
Аз ҳолати маданияти истифодабарии замин дар хоҷагӣ, вазъи ногувори пойгоҳи обкашӣ бо таасуф изҳори нигаронӣ карда, масъулинро барои ба тартиб овардани заминҳои кишт, ҷӯю заҳбурҳо ва саривақт ба анҷом расонидани корҳои таъмир дар пойгоҳи обкашӣ муваззаф намуд.