Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ КОРҲОИ САҲРО ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи 15 майи соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зафарбек, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва дигар масъулони соҳа бо фаъолияти кишоварзон ва ҳолати заминҳои кишт ва боғҳо дар шаҳр пас аз таъсири боронҳои пай дар пайи рӯзҳои охир, шинос шуданд.
Нахуст, дар деҳаи Гачаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод муовини Сарвазир ва ҳайати ҳамроҳонаш аз мавзеҳое, ки якчанд манзили сокинон зери об монда буд, инчунин, ҷараёни корҳои тоза намудани сойе, ки бар асари боришот, обу лой аз соҳилҳояш баромада ба мардум зарар расонидааст, дидан намуданд.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода муовини Сарвазир ба парвариши кирмак, кишти чигит ва ҳолати коркарди агротехникӣ ва нигоҳубини боғи себ ва майдони сабзавот дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ таваҷҷӯҳ намуда, оид ба нигоҳубини минбаъдаи онҳо ба деҳқонону боғпарварон маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд.
Ҳамчунин, муовини Сарвазир дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, бо ҳолати бинои кӯҳнаи муассиса шинос гардида, дар якчанд синфхона ба давомот ва хониши шогирдони муассиса мароқ зоҳир кард ва вобаста ба дарсе, ки мегузаранд, саволу ҷавоб намуд.
Дар идомаи сафар муовини Сарвазир дар ҶДММ “50-солагии Октябр” аз майдони ғалазор ва якчанд гармхона дидан карда, бо ҳолати парвариши картошка дар хоҷагӣ шинос гардид.
Сафари кории муовини Сарвазир дар ҶДММ “Латиф Муродов” давом ёфт ва ҳайати корӣ бо фаъолияти чорводорон дар фермаи хоҷагӣ ошно гардиданд.
Дар ҷамъбаст муовини Сарвазир Зиёзода Сулаймон ҳадафи сафар ба шаҳри Ҳисорро шиносоӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосили дар хоҷагиҳо парваришшуда ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ маънидод карда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳое, ки аснои боздид аз хоҷагиҳо ба мушоҳида расид, ба мутахассисони соҳаи кишоварзии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дод.