Дар шаҳри Ҳисор даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Ба ин муносибат дар назди китобхонаи марказии шаҳр иштирокчиёни даври шаҳрии озмун ҷамъ омаданд ва муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода ғолибони даври аввалро муборакбод гуфта, дар даври шаҳрӣ барору муваффақият таманно намуд.
Ҳамчунин афзуд, ки дар даври якуми озмун зиёда аз 15 ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 11,5 ҳазор занону духтарон иштирок карда, 2062 нафар, аз ҷумла 1621 нафар занону духтарон ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Озмун аз рӯи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор гардида, ғолибон ба даври минтақавии озмун роҳхат мегиранд.
