Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КИШОВАРЗОН ДАР ДЕҲОТИ СОМОН

Субҳи 18 июли соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар ҳайати муовини сарпарасти соҳа, мутахассисони Раёсати кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда, бо фаъолияти кишоварзон аз наздик шинос гардиданд.
Дар деҳаи Мортеппа аз майдони пахтазори бригадаи №4 (саркор Раҷабалӣ Неъматов) ва дар бригадаи №3 (саркор Амин Қаноатов) аз полезиҳо, бахусус, кишти тарбуз дар майдони 20 гектар, ки бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳр таҷрибаи нав мебошад, дидан намуд. Сафари роҳбари шаҳр дар деҳаи Шӯроб бо шиносӣ аз нашъунамои пахта дар бригадаи №1 (саркор Саид Қаландаров) идома ёфт. Бригадаҳои мазкур ҳамчун иҷоракор дар КТ “Баракати Ватан”(роҳбараш Нуралӣ Тешаев) фаъолият карда, барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ заҳмат мекашанд.
Маврид ба ёдоварист, ки солҳои охир соҳибкорон барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ ҳавасмандӣ карда, алаккай чандин гармхона бунёд ёфтааст. Дар деҳаи Чаманистон раиси шаҳр аз хоҷагии деҳқонии “Фаррух”, ки тасмим гирифтааст дар масоҳати 2,0 гектар гармхонаи замонавӣ бо истифодаи технологияҳои пешрафтаи озуқадиҳӣ бунёд намояд, боздид карда, масъулинро ҷиҳати бо сифати баланд сохтану дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор додан, уҳдадор намуд.
Дар ҳамин деҳа ҳайат, ҳамчунин, аз боғи интенсивӣ, плантатсияи марминҷон ва олузори хоҷагии деҳқонии “24-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дидан намуданд.
Сафари кории раиси шаҳр дар деҳаи Шӯроби Искандар аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Майсар”, ки аз боғу токзор иборат аст, идома ёфт.
Дар интиҳои сафари корӣ Носирзода Ҷаббор аз боғи “15-солагии Истиқлолият” дидан намуд. Тавре ба мушоҳида расид дар боғи мазкур қоидаҳои боғдорӣ ва маданияти истифодаи замин умуман риоя нагардида, бисёр ташвишовар ба чашм мерасад. Боғи гелос ба хушкшавӣ расида, дар анбӯҳи алафҳо токзори хоҷагӣ нопадид гаштааст. Роҳбари шаҳр ба боғдорон ва мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр барои дар кӯтоҳтарин муддат ба тартиб овардани боғи гелос ва токзор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маврид ба зикр аст, ки аснои сафар раиси шаҳр назди якчанд хоҷагиҳои инфиродиву ёрирасон, заминҳои президентӣ таввақуф карда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили якум ва омодагӣ ба кишти такрории заминҳо мароқ зоҳир намуд ва бо ёдоварӣ аз таъкидҳои Пешвои миллат ҷиҳати захираи дусолаи маводи озуқаворӣ дар ҳар як оила, ба деҳқонон оид ба беталаф ҷамъоварӣ намудани маҳсулот, самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин дар кишти такрорӣ, тавсияву маслиҳатҳои судманд дод.