Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИҚДОМИ НАВБАТИИ НУРОБОДИҲОИ ДЕҲОТИ МИРЗО РИЗО

Шоми 8 август, имрӯз, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҷамъи муовинон, ки ҳамзамон, роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд ва аъзои зергурӯҳҳо ба Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ташриф оварда, дар деҳаи Нуробод аз корҳои ободонии мардуми маҳал – бетонпӯш кардани роҳҳои дохилидеҳавӣ дидан карданд.
Ҳамчунин, Носирзода Ҷаббор бо пиру барнои деҳа суҳбат ороста, барои дастгирии иқдомҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти корҳои ободониву созанагӣ аз номи хеш ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд.
Дар бозгашт раиси шаҳр ва ҳайати ҳамроҳон дар ҳашари бетонрезии Нурободиҳо иштирок карда, бо пайравӣ ба онҳо бетонрезӣ намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки роҳбарии зергурӯҳи кориро дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода бар уҳда доранд ва барои ба корҳои ободонӣ ҷалб намудани мардуми деҳот саҳми арзишманд доранд.