Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҳмон Умедҷон Нуриддин ҷаласаи кории навбатии Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният ва тартибот дар шаҳри Ҳисор бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, роҳбарони ташкилоту муассиса ва ходимони дини шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Ситод иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор зимни суханронии муқаддимавӣ ташрифи ҳайати гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Ситодро бо роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимзода Акбар Ғиёс ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, ба фаъолияти Ситод дар шаҳр муваффақият таманно намуд. ,
Насимзода Акбар Ғиёс роҳбарият ва аъзои Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният ва тартибот дар шаҳри Ҳисорро, ки аз ҳисоби муовинони раиси шаҳр, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкил шудааст муаррифӣ кард. Афзуд, ки Ситод бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, татбиқи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки бо таҳрири нав қабул шудааст фаъолият карда, масъалаҳои вобаста ба вазъи хурофотпарастӣ, афзоиши дингароӣ, зиёдаравӣ дар ҷашну маросимҳо, раванди сусти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ намудани ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористиро пайгирӣ менамояд. Ҳамзамон, иштирокчиёни ҷаласаро бо нақшаи фаъолияти Ситод дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шинос намуд ва роҳу усулҳои корбарии аъзои онро шарҳу эзоҳ дод.
Дар идома вобаста ба рӯзномаи ҷаласаи Ситод муовини сардори Раёсати назорат ва ташкилии ВКД ҶТ, полковники милитсия муҳтарам Қурбонзода Валишо Нарзулло, муовини сардори Раёсати огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД ҶТ, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, прокурори шаҳр Раҳмон Умедҷон Нуриддин, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маориф, сархатиби шаҳр суханронӣ карда, вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Ситод фикру андешаҳои хешро баён доштанд.
Дар фарҷоми мулоқот, Насимзода Акбар Ғиё ва Носирзода Ҷаббор изҳори итминон намуданд, ки Ситод бо дастгирии фаъолони шаҳр ба масъалаҳои пешгирӣ аз хурофотпарастӣ, афзоиши дингароӣ, зиёдаравӣ дар ҷашну маросимҳо, раванди сусти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ намудани ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҷиддӣ муносибат карда, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву ахлоқи хамида, ва эҳтиром ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ, ки кафили таҳкими суботу амнияти давлату миллат низ маҳсуб меёбанд, саҳми муносиб мегузоранд.