Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

15 августи соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор ггардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, собиқадорону кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба муносибати иди касбиашон ва зодрӯзи пири табибон – Абӯалӣ ибни Сино табрику таҳният гуфт.
Аз ҷумла зикр намуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, соҳаи тандурустии шаҳр давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бомаром рушд мекунад. Кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин давра ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд ва баҳри пешбурди соҳа ва беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, дар амал татбиқ кардани Стратегияву Барномаҳои миллии давлатӣ дар самти тандурустӣ, солимии аҳолӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосири муоинаву муолиҷаро ба роҳ монда, дар ин муддат ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.
Беморхонаҳои госпиталии шаҳр дар умум бо 608 кат фаъолият доранд ва бо ҳидояту дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар масоҳати умумии 8 гектар сохтмони бинои нави беморхонаи марказӣ барои 205 кат дар чор қабат ба маблағи 68 миллион сомонӣ ва дар ҳудуди беморхонаи касалиҳои сироятӣ сохтмони беморхонаи касалиҳои пӯст бо маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ идома дорад ва дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Таъкид гардид, ки имрӯз бештари кормандони соҳаи тандурустиро дар шаҳр занону духтарон ташкил медиҳанд ва беҳтарин табибони зан бо унвонҳои баланди илмӣ ва дараҷаҳои олии тахассусӣ дар гузаштаву имрӯза ба аҳолии шаҳри Ҳисор содиқона хизмат кардаанду мекунанд. Аз хизмати собиқадорони меҳнат, табибон аз ҳисоби занон Гулобхон Ғаниева, Роҳилла Юсуфова, Тоҷинисо Раҳимова, Бодом Ёрмуҳаммадова, Рисолат Зокирова, Зебо Ашӯрова, русзабонон Эмма Алихонова, Полина Гуренко, Елла Зиккина, Валентина Лвова, Светлана Гаткина, ва даҳҳои дигар ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар рушди соҳаи тандурустӣ дар шаҳр арзишманд арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, саҳми сардухтурони Беморхонаи марказии шаҳр дар даврони соҳибистиқлолӣ Раҳмонҷон Тоҳиров, Давлатмурод Эшов, Зиёвиддин Азизов, Анварҷон Аъзамов, Эмомалӣ Маҷидов, зиндаёд Амириддин Азизов ва дар ҳамин радиф номҳои табибон Баҳрулло Шарифов, Маҳмурод шӯров, Муҳиддин Низомов, Ашӯр Достиев, Холмурод ва Боймурод Хосиятовҳо, Юсуф Ниёзов, Рустам Насимов, Абдуҳаким Қурбонов, Расулҷон Бузуров, Абдуолим Абдуллоев, Ҳомидҷон Овчибоев, Абдумутолиб Холдоров ва ғайраро дар ҳифзи сиҳатии мардум ситоиш кард ва аз заҳмату хизматҳои содиқонаи табибону ҳамшираҳои шафқате, ки айни ҳол дар муассисаҳои госпиталӣ ва статсионарии шаҳр фаъолият доранд, бо қаноатмандӣ сипосгузорӣ намуд.
Носирзода Ҷаббор ба чор нафар табиб нишони фахрии “Алочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба як қатор кормандони соҳа “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим карда, аз хизмати содиқонаи онҳо ҷиҳати ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар шаҳр бо қаноатмандӣ .
Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва гурӯҳи ҳаҷвии театр-студияи “Хандинкамон” бо барномаю баромадҳои ҷолиб ба чорабинӣ ҳусни идона эҳдо намуданд.