31 августи соли 2024 дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини якуми Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майёр Одиназода Мусо Неъмат ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор, сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии шаҳр Носирзода Ҷаббор машқи навбатии сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Одиназода Мусо Неъмат ва Носирзода Ҷаббор аз сафҳои омодашуда оид ба иҷрои вазифаву уҳдадориҳои ҷангӣ, ки теъдодашон аз 5000 бештар буд ва қатори техникаву мошинҳои махсусгардонидашудаи корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои ҳудуди шаҳр дидан карда, сипас зимни суханронӣ доир ба ҳадаф ва зарурияти машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ изҳори андеша намуданд.
Аз ҷумла зикр карданд, ки чорабинии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани тадбирҳои мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдории реҷаи вазъияти ҳарбӣ, амалӣ мегардад. Ҳамчунин афзуданд, ки қувваҳои эҳтиётӣ, ё худ захираҳои сафарбарӣ дар сурати эҳтимолияти таҳдиди хатар ба давлат, барои тақвият бахшидани ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат фаъолият карда, дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар саҳм мегузоранд.
Муовини якуми Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майёр Одиназода Мусо Неъмат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омода намудани чорабинӣ ба раиси шаҳр ва дигар масъулон изҳори сипос намуда, минатдории Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён дошт.