27 августи соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода Конференсияи умумишаҳрии августии омӯзгорон баргузор гардид.
Қабл аз оғози Конференсия раиси шаҳр ва муовини Вазири маориф ва илм ба 50 нафар ятимони кулл сару либоси мактабӣ тақдим намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ оғоз намуд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири маорифи шаҳр Икромиддин Сафаров аз дастовардҳо ва мушкилоти соҳа дар соли хониши 2023-2024 ҳисобот дода иброз дошт, ки хонандагони шаҳри Ҳисор байни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар сафи аввал ва дар шумори даҳгонаи беҳтарини шаҳру ноҳияҳои мамлакат қарор доранд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода дар Конференсия суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатӣ иҷтимоии мамлакат қарор додаанд.
Аз соли 1991 то ибтидои соли 2024 дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳозор ҷойи нишаст сохта шудааст. 41 муассисаҳои олии касбӣ дарҳои худро ба рӯи донишомӯзон боз намуда, барои таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар низ шароитҳо фароҳам гардидааст.
Айни ҳол дар шаҳри Ҳисор шумораи хонандагон ба зиёда аз 82 ҳазор нафар расида, зиёда аз 4 ҳазору 400 нафар омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд.
Барои соли хониши 2024-2025 аз ҳисоби буҷет беш аз 157 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин 72 фоизи маблағи буҷетро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби 40 фоиз зиёд гардидани музди маоши омӯзгорон, ба маблағи мазкур ҳар моҳ беш аз 5 млн. 800 ҳазор сомонии дигар изофа мегардад.
Ҳамчунин, бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр сохтмони 139 синфхонаи иловагӣ идома дошта, 60 адади он дар Соли нави хониши 2024-2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Таъкид гардид, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба синфхонаҳои мазкур 720 ҷуфт мизу курсӣ, 60 дона ҷевон ва 60 донагӣ тахтаи синфӣ, инчунин ҳамин миқдор мизу курсӣ барои омӯзгорон дастрас карда мешавад.
Дар доираи амалигардонии лоиҳаи инвеститсионӣ, соли 2025 дар шаҳр сохтмони 5 адад муассиса барои 2400 хонанда дар назар дошта шудааст,-иброз дошт Носирзода Ҷаббор дар фарҷоми суханронӣ.
Дар Конференсия, дар фазои тантанавӣ ба як қатор омӯзгорони фаъоли шаҳр нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Сипоснома”-ву туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.