Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 4 январи соли 2025 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор нахустин рӯзи қабули шаҳрвандонро доир намуд.
Дар ин рӯз ба роҳбари шаҳр 13 нафар шаҳрвандон аз ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Ҳисор, Мирзо Ризо, Дурбат вобаста ба масъалаҳои дастрас намудани миз барои бозии шоҳмоту шашка ва ҳуҷраи нигоҳдории ашё дар нишастгоҳ барои пиронсолон, ки дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд ёфта истодааст, ҷудо намудани замин барои сохтмони мактаб, мағоза, сехи истеҳсолӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, замини наздиҳавлигӣ ва расонидани кӯмаки иҷтимоӣ муроҷиат карданд.
Шахсони масъул барои баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар муҳлатҳои муайян муваззаф гардида, барои ҷавоб гардонидан ба муроҷиатҳое, ки вақтро талаб менамоянд, супоришҳои мушаххас гирифтанд.

