Шоми 31 декабрИ СОЛИ 2024 пиру барнои шаҳри Ҳисор бо рӯҳияи саршор аз муҳаббату садоқат ба диёри азизамон Тоҷикистон дар хиёбони ба номи Ҳабибулло Назарови шаҳраки Ҳисор, атрофи арчаи солинавӣ ҷамъ омада, фарорасии Соли нави мелодии 2025-ро таҳти унвони “Соли нав-иқболи нав”, пуршукӯҳ таҷлил намуданд.
Дар чорабинии фарҳангии идона иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, меҳмонону сокинони шаҳрро ба муносибати оғози Соли нав табрику таҳният гуфт.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки соли 2024-ро сокинони шаҳри Ҳисор бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд ва дар арафаи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадани Соли нав ба мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланди шаҳри Ҳисор руҳияи баланди идона эҳдо карда, бо самимият ва ҳамовозӣ истиқбол гардид.
Дар соли сипаришудаи 2024 сокинони шаҳр чун дигар мардуми кишвар ҷашнҳои барои миллати тоҷик тақдирсоз 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон, 27-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 32-солагии Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки Пешвои миллат раиси муаззами он маҳсуб меёбанд бо шукӯҳу ҷалол таҷлил намуда, бо дастовардҳои арзишманди меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд.
Дар шаҳр дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2021 – 2026 то анҷоми соли 2024 1 млрд. 279 млн. 109 ҳазор ё 64,9 фоизи маблағи умумии Барнома иҷро гардида, дар ёздаҳ моҳи соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 4 млрд. 564 млн. сомониро ташкил намуд ва суръати рушд ба 113 фоиз баробар гардид.
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 518 млн. 500 ҳазор сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 101,9 фоиз, кишоварзӣ 111,3 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 140 фоиз, гардиши савдо 110,3 фоиз ва хизматрасонӣ 103 фоиз афзоиш ёфтааст.
Носирзода Ҷаббор аз дастовардҳо дар самти маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ёдовар шуда, ба сокинону соҳибкорони сарбаланди шаҳр барои иштирок дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос намуд. Ба иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ва дар симои онҳо бо мардуми шарафманди Ҳисори Шодмон саломативу хушбахтӣ, дар фаъолияти меҳнатӣ иқболу сарбаландӣ, дар рӯзгорашон ободиву осудагӣ ва дар фазои кишвари маҳбубамон суботу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонро таманно намуд.
Пас аз қироати паёми шодбошии шаҳрдор базми солинавии сокинони шаҳр идома ёфта, барномаи консертии театрикунонидашудаи бахши фарҳанги шаҳр дар таҳияи саркоргардони театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов Гулмаҳмад Назарзода, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор Бахтиёр Достиев, ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои маъруф, ҳаҷвнигорон ва санъаткорон аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳр пешкаш гардид ва ба чорабинӣ ҷилои тоза эҳдо карда, онро пуршукӯҳу хотирмон намуд.
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/471167186_601987968887393_1102388061142218987_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/471177541_601988385554018_4516596483897584239_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/471258270_601988452220678_3174088715044205740_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/471360537_601988288887361_8542156439359204659_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/471551611_601988555554001_2901458744074055579_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/471793318_601987982220725_531753050676096916_n-300x200.jpg)