Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БО ДУ МАЙДОНЧА БАРОИ БОЗИИ ФУТБОЛ

21 марти соли равон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар деҳаи Шӯроби Ҷамоати деҳоти Сомон толори варзишӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид.
Толори варзишӣ аз ду майдончаи футбол барои писарон ва духтарон иборат буда, дар як вақт метавонанд чор даста бо ҳам бозӣ намоянд.
Муовини Сарвазир ва раиси шаҳр бо ҳайати дастаҳои писарона ва духтарона, ки дар толор саф ороста буданд суҳбат карда, ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ ва соҳиби толори варзишии замонавӣ гардиданашон, шодбош гуфтанд.
Ҳамчунин, бо соядаст ба ҳар кадом бозингар тӯби варзишӣ туҳфа карда, ба соҳибкори маҳаллӣ барои ҳимматбаландӣ ва иқдоми ватандӯстона изҳори сипос намуданд.