Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ПЕШВОЗГИРИИ МЕҲМОНОН ВА ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ НАВРӮЗИИ СОКИНОНИ ШАҲРИ ҲИСОР

21 марти соли 2025 майдони Регистони Қалъаи таърихии Ҳисор барои истиқболи меҳмонон – намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври идона оро ёфта буд.
Дар даромадгоҳи Регистон меҳмононро роҳбарияти шаҳр, инчунин, карнаю сурнайнавозон, духтарони чаканпӯш тибқи таомули аҷдодӣ бо карнаю сурнай ва нону ширинӣ истиқбол гирифта, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, муовини Сарвазири Тоҷикистон ва меҳмонон аз намоишгоҳи сокинони шаҳр дидан карда, бо барномаҳои варзишии омоданамудаи варзишгарони шаҳр, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ дар пешниҳоди муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр, пухтупази хӯрокҳои миллӣ ва хони наврӯзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, растаҳои меваю сабзавоти ба намоиш гузоштаи хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр шинос гардиданд.
Нарасону кӯдакон сари ҳар қадам дар васфи Наврӯз шеъру таронахонӣ карда, ба чорабинӣ ҳусну шукӯҳи идона эҳдо намуданд.