Нимаи дуюми рӯзи 26 март раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Сомон, ба номи Мирзо Турсунзода ва Ҳисор бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии умҳурии Тоҷикистон шинос шуд.
Раиси шаҳрро дар сафар муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони зергурӯҳҳои кории МИҲД-и шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо оид ба назорати сохтмон ва раисони ҷамоатҳои деҳоти болозикр ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмон дар иншооти ҷашнӣ, раиси шаҳр ҷиҳати вусъат бахшидани ҷараёни корҳои сохтмон ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, сохтмончиёнро ба риояи санъати меъмории шарқиёна дар намуди зоҳирии бино ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмон дар муҳлатҳои пешбинишуда, ҳидоят намуд.

