Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ташриф оварда, дар маъракаи мумфаршкунии роҳи деҳаи Бобосурхон иштирок намуд.
Дар қитъаи роҳе, ки мумфарш мегардад, раиси шаҳр бо пиру барнои деҳа суҳбат ороста, мардумро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфт. Носирзода Ҷаббор иқдоми сокинони деҳаи дурдасти Бобосурхонро ибратомӯзу ватандӯстона маънидод карда, ҳамчунин, афзуд, ки роҳи мазкур, ҳанӯз ним аср қабл бунёд ёфтааст ва то ба имрӯз боре ҳам таъмир нагардида, ниҳоят вайрону фарсуда шуда буд.
Ба раиси шаҳр иттилло доданд, ки роҳи деҳа бо ташаббуси зумрае аз нафароне, ки нияти сафари ҳаҷ доштанд, инчунин, дастгирии аҳолӣ ва шахсони саховатпешаи диёр дар масофаи 2,5 километр мумфарш шуда, дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Иди Рамазон ба сокинону меҳмонони шаҳр, ҳамчун армуғон туҳфа мегардад.
Раиси шаҳр ба сокинони деҳа ва ташаббускорони иқдом аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос карда, ободкориеро, ки мардум пеша кардааст намунаи ибрат ба фарзандон дар роҳи ободии диёр номид ва итминон намуд, сокинони деҳаҳои ҳамсоя низ, дар пайравӣ ба бобосурхониён роҳҳои деҳаҳояшонро таъмиру таҷдид карда, ҷашни умумимилии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои арзишманди меҳнатӣ истиқбол менамоянд.
Сипас, бо дуои пирони деҳ дастҷамъона ба мумфаршкунии роҳ оғози расмӣ бахшида, ба роҳсозон барору муваффақият таманно намуданд.

