Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Бо мусоидати раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва дастгирии ҶДММ “Металинвест” ба 17 нафар маъюбоне, ки барои дастрасӣ ба аробачаи маъюбӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат карда буданд, аробачаҳои маъюбӣ, роҳгардакҳо дастрас карда шуд.
Аробачаҳо ва як миқдор маводи хӯрокаи ниёзи аввалро раиси шаҳр бо иштироки намояндаи Ҷамъият ба соҳибонашон-сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сомон, ба номи Мирзо Турсунзода, Алмосӣ, Мирзо Ризо, Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Деҳқонобод тақдим карда, онҳоро бо фарорасии иди Саиди Фитр муборакбод гуфт.
Ба маъюбон аз деҳаҳои дурдаст аробачаҳо дастрас карда мешаванд.