28 марти соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод, Роғун, Рашт, Лахш, Сангвор, Нуробод, ва Тоҷикобод оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 баргузор гардид.
Қаблан, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони шаҳру ноҳияҳо номзадии Носирзода Ҷаббор – Раиси шаҳри Ҳисор аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб, Акрамзода Парвиз-раиси шаҳри Турсунзода аз шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, Ҳикматуллозода Абдуғафор -раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ, Шоира Абдураҳимзода-муовини раиси шаҳри Ваҳдат аз шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Роғун ва Файзобод, Идизода Зарина-раиси ноҳияи Рашт аз ноҳияи Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод ва Нуробод пешниҳод гардида буд.
Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5, ки имрӯз баргузор шуд, Комиссияи ҳавзавии интихобот натиҷаҳои онро эълон намуд ва номзадҳои пешниҳодшуда фоизи овозҳои заруриро барои аъзогӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардиданд:
Акрамзода Парвиз 97,4;
Носирзода Ҷаббор 97,4;
Ҳикматуллозода Абдуғаффор 97,1;
Абдураҳимзода Шоира 95,4;
Идизода Зарина 97,6

