Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ҲИСОР: ХИЗМАТ БА ВАТАН ОИНИ ҶАМВОНМАРДИСТ

1 апрели соли 2025 дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони “Хизмат ба Ватан оини ҷавонмардист” чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ наваскарону хизматчиёни қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҷавонони фаъол – гирандагони стипендияи Президенти Тоҷикистон ва Раиси шаҳр аз назди бинои комиссариати ҳарбӣ тавассути кӯчаҳои марказӣ то Кохи фарҳанги шаҳр, бо шиорҳои “Тоҷикистон ба пеш”, “Хизмат ба Ватан оини ҷавонмардист”, “Хизмат ба Ватан шараф аст”,“Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост” ва бо садои карнаю сурнай роҳпаймоӣ намуданд.
Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор баъд аз гузориши низомии комиссари шаҳр подполковник Субҳизода Эҳсон оид ба омодагии наваскарон барои иштирок дар чорабинии Рӯзи даъватшаванда ва садо додани Суруди миллӣ суханронӣ карда, ҷавононеро, ки бо амри виҷдон, ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, хайрамақдам гуфт ва ба волидайну устодонашон изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки ба туфайли ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус, дастгириву ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду бош ва хизмату сукунати аскарон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтару хубтар гашта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз имтиҳонҳои сангини таърих гузашта дар минтақа, ҳамчун яке аз ниҳодҳои тавоною қудратманд ташаккул ёфтааст.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои истодагарӣ намудан ба хавфу хатарҳои афзоянда ва таъмини суботу амнияти кишвар, ҳифзи ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бо нангу номус эҳтиёҷ дорад. Хушбахтона, сафи ихтиёриён пайваста афзуда, имсол дар рӯзи аввали даъват зиёда аз 200 нафар ҷавонон ба Комиссариати шаҳр ҳозир шуданд.
Зикр гардид, ки бо маблағгузориҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 нафар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 150 нафар ба курсҳои ронандагии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷалб гардида, имрӯз соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегарданд ва итминон дорем дар қисмҳои ҳарбӣ ба сифати ронанда содиқона хизмати ватан хоҳанд намуд.
Дар чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ба як қатор падару модароне, ки фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати содиқона доранд, мактуби минатдории роҳбарияти қисми ҳарбии 0203 тақдим карда шуд.
Дар чорабинӣ, инчунин собиқадорони меҳнат, падару модари даъватшавандаҳо, сарбозе, ки айни ҳол адои хизмат дорад ва даъватшавандаҳо суханронӣ карда, аз роҳи тайкардаи пуршарафи падару бобоён, қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ёдовар шуданд ва ҳамзамон, хизмати ҳарбиро барои ҷавонон мактаби бузурги тарбияи ҷисмию равонӣ арзёбӣ намуданд.
Дар идома ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр Барномаи консертииро пешкаши наваскарон карданд. Рақсу шодии наваскарон, дӯстону волидонашон чорабинии Рӯзи даъватшавандаро рангину хотирмон намуд.
Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ошхонаи “Саъдӣ” барои даъватшавандагон дастархон ороста, зиёфат дода шуд.