Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ ҲИСОР

28 марти соли 2025 дар толори шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор таҳти раёсати прокурори шаҳр, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор, мушовири адлияи дараҷаи як Раҳмон Умедҷон Нуридин ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо ҳузури аъзои Шӯро, роҳбарияту кормандони прокуратураи шаҳр, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи КДАМ дар шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори МИҲД-и шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибон баргузор гардид.
Дар Шӯро масъалаҳои ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, омилҳои ба он мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирӣ аз ҷиноят байни ноболиғон, бахусус, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст, оид ба масъалаҳои баррасишаванда ёрдамчии калони прокурори шаҳр Ҳамро Ғиёс Тӯйчӣ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, полковники милитсия Одиназода Саидаҳтам Сироҷ, муовини соҳавии раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода суханронӣ карданд.
Ёрдамчии калони прокурор Ҳамро Ғиёс Тӯйчӣ, зимни суханронӣ вазъи воқеии ҷинояткорӣ байни ноболиғонро бо солҳо тибқи таҳлилҳо бо рақамҳо шарҳу эзоҳ дода зикр намуд, ки яке аз падидаҳое, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст зиёдшавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ба шумор меравад.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ байни ноболиғону наврасон дар шаҳр нишон медиҳад, ки аз ҷониби онҳо, асосан содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
Нотиқон, раванди афзудани ҷинояткорӣ байни ноболиғону наврасонро ба паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ, ташвиқу тарғиби фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию ғоратгарӣ тавассути филму сериалҳои хориҷӣ, ҷалби наврасон ба ҳаргуна бозиҳои компютерӣ, инчунин, бетафовутии мактабу оила ва аҳли ҷомеа ба ин падидаҳо маънидод карданд.
Прокурори шаҳр Раҳмон Умедҷон Нуридин зимни суханронии ҷамъбастӣ дар Шӯро, аз фаъолияти кормандони дахлдори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунин, афзуд, ки мактабу маориф, падару модарон низ нисбати таълиму тарбияи фарзандон ба каммасъулиятӣ ва беназоративу хунукназарӣ роҳ дода, боиси коста гардидани хулқу атвори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳу, равияҳои ҷиноятпеша мегарданд.
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки авбошии наврасону ноболиғон, ҳеҷ гоҳ хоси одоби миллии тоҷик набуд ва нест ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ байни ноболиғону наврасон баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии онҳоро тақозо менамояд. Бинобар, зарур шуморид дар муассисаҳои таълимӣ устодон зимни бурдани корҳо вобаста ба таълиму тарбияи ҳуқуқии наврасон, бояд масъалаҳои ҷавобгарии юридикӣ пайдо кардани амалҳои ҷиноятиро ба шогирдон дуруст фаҳмонанд.
Тарбияи ҳуқуқӣ бо тарбияи ахлоқӣ пайвандии зич дорад ва ҳарду, дар якҷоягӣ василаи асосии пешгирӣ намудани ноболиғону наврасон аз ин зуҳуроти нангин – ҷинояткорӣ мебошанд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ҳисор аз раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” ёдовар шуда, зимни пурсиш аз масъулини дахлдори прокуратура ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибон даъват ба амал овард, ки сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо байни ноболиғону наврасон аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, бетарафиро дар ин самт, ба аҳли ҷомеа ва дар умум ба ояндаи давлату миллат хатарбор арзёбӣ намуд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ҳисор, прокурори шаҳр Раҳмон Умедҷон Нуридин бо вазифагузориҳои мушаххас ба ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳусни анҷом бахшида, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки муроҷиати шахсӣ ва якҷоя бо дигаронро ба мақомоти давлатӣ моддаи 31-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст ва ҳар фарди масъулиятшинос метавонанд бо аъзои Шӯро, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намояд ва барои пешгирии наврасону ноболиғон аз ҷинояткорӣ саҳмгузор бошад.