Имрӯз, 5 апрел дар варзишгоҳи бузкашии “30-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Ҳисор, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ, маъракаи пуршукӯҳи бузкашӣ доир гардид.
Дар маърака човандозон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он иштирок карда, нерӯву ҷасорати худ ва чолокиву ғайрати аспони чобуку бодпойи хешро дар ин намуди варзиш ба намоиш гузоштанд.
Дар маъракаи бузкашӣ туҳфаҳои гаронарзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла “Шоҳҷоиза”-автомашина, инчунин, аз ҷониби ҷавонмардони ҳимматбаланд – ҳаводорони ин намуди варзиш, аз пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ автомашина ва маблағҳои калони пулӣ, ҳамчун ҳадя ба маъракаи наврӯзӣ, пешниҳод гардид.
“Шоҳҷоиза”, – автомашинаро човандози хатлонӣ Назриддин бо асп аз шаҳри Душанбе бо номи “Шуълавар“соҳиб шуд ва роҳбарияти шаҳри Ҳисор дар фазои тантанавӣ, бо иштироки човандозон калиди автомашина ва гулчанбари рамзиро ба ғолиб тақдим намуданд.
Аз туҳфаҳои пешниҳодгардида човандозони дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ, бенасиб намонданд ва соҳиби аспу уштур ва зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ гардиданд.

