Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КИШТИ ЗЕРИ ПЛЁНКАИ ПУНБАДОНА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Нимаи дуюми рӯзи 4 апрели соли равон раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло ва олимони Академия дар маъракаи кишти зери плёнка, ки дар Хоҷагии таҷрибавӣ истеҳсолии “Зироаткорӣ”-и Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Дурбат баргузор шуд, иштирок намуданд.
Дар қитъаи мазкур, ки 2 гектарро ташкил медиҳад бо тавсияи олимони Академия пахтаи миёнанахи навъи “Данғара-30”, бо усули зери плёнка кишт карда шуд.
Зикр гардид, ки ин навъи тезпазак ва ба касалиҳо тобовар дар Институти зироаткорӣ дар натиҷаи дурагакунии байни навъҳои Дӯстӣ ИЗ ва Nazilli-84-S ба вуҷуд оварда шудааст ва серҳосил буда, ба хоҷагиҳои пахтакор аз ҳар ҷиҳат манфиатбор аст. Кишти он дар минтақаҳои Вахш, Вилояти Хатлон, Кӯлоб, Суғд ва водии Ҳисор мувофиқи мақсад аст.
Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳр давоми ҳамин рӯз, бо чунин усул дар ҶДММ “Латиф Муродов” дар майдони 10 гектар ва ҶДММ “50-солагии Октябр” 5 гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад.