Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РОҲИ ДЕҲАИ ШУРОБИ ИСКАНДАР МУМФАРШ МЕГАРДАД

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шуроби Искандари Ҷамоати деҳоти Сомон роҳи марказии деҳа, ки ба шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода пайваст аст, бо саҳми аҳолӣ мумфарш мегардад.
Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии роҳ раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иштирок карда, бо пиру барнои деҳа, ки ҷамъ омада буданд суҳбат орост ва барои иқдоми ватандӯстона ба сокинони деҳа аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд.
Раиси кумитаи деҳавӣ Содиқ Шарифов, ки номаш ба амалаш мувофиқ афтода, барои ободонии зодгоҳаш содиқона хизмат менамояд, аснои шиносоии раиси шаҳр бо корҳои ободонӣ дар деҳа иттило дод, ки бо дуову ҳидояти пирони кор сокинони деҳа дарвозаи деҳа, дар шафаташ истгоҳи замонавӣ бунёд карданд ва барои хароб нагардидани роҳ аз обу борон ҷӯйҳои обпартои ду канори роҳро пурра новаҳои бетонӣ хобониданд.
Мумфаршкунӣ иқдоми охирин набуда, – афзуд раиси деҳа, дар баробари чароғонкунии кӯчаҳо, ки идома дорад, мардум ният доранд дару деворҳои манзили истиқоматиашонро низ бахшида ба ҷашн таъмиру тармим намоянд ва деҳаро, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ қарор дорад, ба як гӯшаи зебою намунавии шаҳр табдил диҳанд.