Дирӯз раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо масъулони соҳаи кишоварзии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои ҷамъиятӣ машварат доир карда, оид ба ҷобаҷогузории кишти зироатҳо, бахусус пахта, суҳбат намуд.
Раиси шаҳр бо ёдоварӣ аз супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони хоҷагиро таъкид намуд, ки нақшаи тасиқнамудаи раёсати кишоварзӣ оид ба дурнамо ва ҷобаҷогузории кишти зироатҳо ба хоҷагиҳо дастрас гардидааст ва таъмини он ҳатмӣ буда, таҳти назорати шахсии раиси шаҳр қарор дорад.
Зуҳри имрӯз, раиси шаҳр ба Ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда, бо қитъаҳои заминҳои барои кишти пахта пешбинишудаи хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ шинос шуд.
Раиси шаҳр қитъа ба қитъа аз майдонҳои барои кишти пахта ҷудо намудаи хоҷагиҳо шинос шуд ва масъулини соҳаро ҷиҳати омода намудани тракторҳои шудгоркунанда ва тухмипошакҳо барои оғози саривақтии кишти чигит, вазифагузорӣ намуд.
Носирзода Ҷаббор, ҳамчунин, бо фаъолияти якчанд гармхона шинос гардида, деҳқононро барои таъмин кардани бозорҳои дохилӣ ва пойтахти мамлакат бо маҳсулоти тарру тоза, сипосгузорӣ намуд, ҳамзамон, барои ба ҳисоботҳои оморӣ ворид намудани нишондодҳои ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар гармхонаҳоро, ба масъулони сохторҳои марбута таъкид намуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сафари кории раиси шаҳр рӯзҳои баъдӣ дар дигар минтақаҳои пахтакории ҷамоатҳо идома меёбад.



