Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РАИСИ ШАҲР КИРМАКПАРВАРОНРО ҚАДРШИНОСӢ НАМУД

14 май раиси шаҳр, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар маъракаи пилласупории кирмакпарварон, ки дар саҳни корхонаи қабули пиллаи намояндагии ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид иштирок карда. бо кирмакпарварон вохӯрӣ намуд.
Раиси шаҳр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кормандони намояндагии ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар шаҳри Ҳисорро барои фароҳам овардани шароити зарурӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани кирмакпарварон сипосгузорӣ карда, кирмакпарваронро ба муносибати оғози мавсими ҷамъоварии пилла муборакбод гуфт.
Саҳми кирмакпарварони фаъол аз ҷамоатҳои деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ва Ориён, ҶДММ “Абдурауф Юсуфов”-ро дар ҷамъоварии босифат ва саривақтии пилла шоиста арзёбӣ карда, изҳори итминон намуд, ки кирмакпарварон иҷрои нақшаи пешбинишударо дар шаҳр, барзиёд таъмин менамоянд.
Сипас, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба як қатор пешқадамони истеҳсолот туҳфаҳои молӣ аз қабили телевизор, қолин ва ашёи рӯзгор тақдим карда шуд.
Кирмакпарварон бо хушҳолию қаноатмандӣ, аз таваҷҷӯҳи шаҳрдорӣ ба заҳмати онҳо азм намуданд, ки нақшаи пилларо барзиёд иҷро хоҳанд кард.