Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

14 майи соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Ба ин муносибат дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот намунаҳои дастранҷи ҳунармандии хешро ба марази тамошои сокинону меҳмонони шаҳр гузошта, дар фазои тантанавӣ муовини раиси шаҳр ба якчанд навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба навзодон шаҳодатномаи таваллуд тақдим намуд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша паёми табрикии раиси шаҳр ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила қироат гардида, ҳамчунин, натиҷаҳои ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни “Оилаи беҳтарин” эълон гардид ва ба беҳтарин оилаҳо “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Дар идома, аҳли ҳунари шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.