Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН АРМУҒОН»

13-уми май дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, иттифоқҳои ҳунармандон, дизайнерон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор гардид.
Дар даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмун ғолибони даври шаҳрию ноҳиявии озмун аз рӯйи панҷ номинатсия: «Армуғони этнографӣ», «Армуғони сайёҳӣ», «Армуғони дӯзандагӣ ва бофандагӣ», «Армуғони бозича» ва «Армуғони минтақавӣ» ширкат варзиданд.
Дар Фестивал-озмуни мазкур намояндагонии шаҳри Ҳисор бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша иштирок карда, ҳунарманд аз Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, дар номинатсияи «Армуғони дӯзандагӣ ва бофандагӣ» ба мақоми дуюм сазовор дониста, бо “Диплом”-и дараҷаи дуюми Фестивал-озмун сарфароз гардонида шуд.