Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲР БО СОҲИБКОРОН

Шоми дирӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо соҳибкорони шаҳр мулоқот намуд.
Тибқи рӯзнома, нахуст, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Соҳибкорони ташаббускори ватан” вобаста ба фаъолият, бахусус, корҳои ба сомон расида аз ҷониби ташкилот дар давоми соли 2025, дастгирии ташкилот аз корҳои ободонӣ дар шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва корҳои ба анҷомрасонидаи ташкилот дар самти дастгирии соҳаҳои иҷтимоии шаҳр, гузориши муфассал дода, аз мушкилиҳо дар фаъолияти ташкилот ёдовар шуд.
Роҳбари ҶДММ “Мавҷи баҳр”- шаҳрванди Ҷумҳурии Чин омодагии ҷамъиятро дар корҳои ободонӣ дар шаҳр, хоса таъмири роҳи Чимтеппа-Шарора-Ҳисор иброз дошта, соҳибкоронро дар иҷрои корҳои хайр ва ободонии диёр ба ҳамкорӣ ва муттаҳидӣ даъват намуд.
Сипас, муколламаи озод доир гардида, соҳибкорон саволу пешниҳодҳои мавриди назари хеш вобаста ба фаъолият иброз доштанд.
Раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор дар мулоқот суханронӣ карда, ба соҳибкороне, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, бахусус, корҳои ободонӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста ҳамкорӣ менамоянд, изҳори сипос кард ва вусъати корҳои ободониву созандагиро барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид намуд.