19 майи соли равон раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шарҳу тавзеҳи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолони ноҳияи Данғара, бо иштироки муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ ҷаласаи васеи корӣ доир намуд.
Раиси шаҳр аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, масъалаҳои марбут ба таъмини фаъолияти мунтазами бахшҳо, боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об, инчунин, вазъи корҳои созандагиву ободонии кишвар ва вазифагузориҳо дар назди масъулини шаҳру ноҳияҳо ёдовар шуда, нигаронӣ ва эродҳои ҷиддии Роҳбари давлат дар масъалаҳои иҷрои нашаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, талафоти неруи барқ, кишти пахта ва картошкаро, ки дар ин радиф аз шаҳри Ҳисор низ, ном бурда шудааст, шарҳу тавзеҳ дод.
Дар идомаи ҷаласаи корӣ , муовинони раиси шаҳр ва роҳбарони зерсохтор доир ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда гузориш дода, дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар – машварати ҷумҳуриявии кишоварзон дар ноҳияи Данғара, аз ҷониби раиси шаҳр вазифагузорӣ шуданд.




